Коҳиши ду баробари воридоти гази моеъ дар моҳи апрел

Бино ба маълумоти гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон», дар зарфи 4 моҳи соли равон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 58,2 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст. Дар гузориш таъкид мегардад, ки моҳи апрели соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ зиёда аз 16,4 ҳазор тонна ин навъи сӯзишворӣ интиқол гардидаааст, ки нисбат ба ҳаҷми […]

Пайрав Чоршанбиев


Бино ба маълумоти гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон», дар зарфи 4 моҳи соли равон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 58,2 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст.

Дар гузориш таъкид мегардад, ки моҳи апрели соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ зиёда аз 16,4 ҳазор тонна ин навъи сӯзишворӣ интиқол гардидаааст, ки нисбат ба ҳаҷми моҳи пешин қариб ду баробар (тақрибан 15,7 ҳазор тонна) камтар мебошад.

Ёдрас мекунем, ки

моҳи марти соли равон

ба Тоҷикистон беш аз 32 ҳазор тонна гази моеъ ворид гардида буд ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар зарфи 2 моҳи соли 2013 ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 9,7 ҳазор тонна ин навъи сӯзишворӣ интиқол гардид.

Дар гузориш зикр мегардад, ки айни замон гази моеъ ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон тавассути нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан интиқол дода мешавад.

Гуфта мешавад, ба иллати гаронии бензин беш аз 40%-и нақлиёти автомобилии кишвар ба истифодаи гази моеъ гузаштаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар гузориш роҷеъ ба қатъи интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон аз аввали соли равон бинобар сабаби анҷоми қарордод маълумот дода мешавад.

«Сарфи назар аз кӯшишҳои бенатиҷа, гуфтушунидҳои ҷонибҳо оид ба интиқоли газ дар соли 2013 идома доранд», – зикр мегардад дар гузориш.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.