З.Саидов аз дахолатнопазирӣ маҳрум шуд

Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Зайд Саидов аз дахолатнопазирии вакилӣ маҳрум карда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз вакилони Маҷлиси мазкур хабар дод, дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт бо пешниҳоди муовини прокурори генералии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидов вакилон дахолатнопазирии З.Саидовро бекор намуданд. Ба андешаи Шуҳрат Қудратов, яке аз адвокатҳои Зайд Саидов, аз […]

ASIA-Plus


Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Зайд Саидов аз дахолатнопазирии вакилӣ маҳрум карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз вакилони Маҷлиси мазкур хабар дод, дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт бо пешниҳоди муовини прокурори генералии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидов вакилон дахолатнопазирии З.Саидовро бекор намуданд.

Ба андешаи Шуҳрат Қудратов, яке аз адвокатҳои Зайд Саидов, аз ҷониби агентӣ ва вакилони маҷлис ҳуқуқи Саидов ба ҳимоят ба инобат гирифта нашуд, зеро дар иҷлосия тақдири минбаъдаи З.Саидов, яъне бекор шудани дахолатнопазирӣ ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб шудани ӯ бидуни ҳузури худи З.Саидов ҳаллу фасл гардид.

Адвокат аз он барошуфта аст, ки вакилон ҳатто ҳузури З.Саидовро ҷиҳати ҳимоят талаб накарда, хомӯшона ва якдилона бо пешниҳоди прокуратураи генералӣ розӣ шуданд.

Яке аз вакилони маҷлиси пойтахт бидуни ифшои ному насаб тасдиқ кард, ки вакилони Маҷлиси пойтахт ба маҳрум кардани Саидов аз дахолатнопазирӣ ва ҷалби ӯ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ якдилона овоз доданд.

Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид. Ҳарчанд он замон ӯ аз дахолатнопазирӣ маҳрум нагардида бошад ҳам, Агентии зиддифасод як

иттилоия

пахш намуда, ӯро дар содир намудани як қатор ҷиноёти молӣ, аз ҷумла гирифтани пора дар ҳаҷми ниҳоят зиёд айбдор кард. Худи ҳамон рӯз, 19-уми май дар манзил ва дафтари кории З.Саидов кофтуков гузаронида шуд.

Нимаи аввали рӯзи 20-уми май муфаттишони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ маросими рӯбарӯкунии Зайд Саидов бо собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, собиқ директори корхонаи кимиёи шаҳри Исфара Низомхон Ҷӯраевро доир намуданд. Ахирӣ низ ба сифати гумонбар дар парвандаи пурсарусадо қарор дорад.

Барои иштирок дар маросими рӯбарӯкунӣ танҳо ба як адвокат – Фахриддин Зокиров иҷозат додаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар маросими рӯбарӯкунӣ собиқ директори корхонаи кимиёи Исфара изҳор намудааст, ки соли 2005 барои ҳалли масъалаи хусусигардонии корхона, ки ғайриқонунӣ шуморида мешуд, ба вазири ҳамонвақтаи саноат Зайд Саидов дар ҳаҷми

100 ҳазор доллари ИМА

пора додааст. Саидов далели аз Ҷӯраев гирифтани пораро инкор кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.