Пешниҳодоти кӯлобиҳо бобати бекор кардани ҳукми қатл

Сокинони қишрҳои гуногуни аҳолии шаҳри Кӯлоб масъалаи табдили мораторияи 9-солаи ҳукми қатл ба бекор шудани он дар Тоҷикистон ва ё дар Кодекси ҷиноии ҶТ боқӣ гузоштани онро дар як вохӯрӣ баррасӣ намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ Зариф Ализода хабар дод, шурӯъ аз соли 2010 гурӯҳи кории махсус дар робита […]

Турко Дикаев


Сокинони қишрҳои гуногуни аҳолии шаҳри Кӯлоб масъалаи табдили мораторияи 9-солаи ҳукми қатл ба бекор шудани он дар Тоҷикистон ва ё дар Кодекси ҷиноии ҶТ боқӣ гузоштани онро дар як вохӯрӣ баррасӣ намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ Зариф Ализода хабар дод, шурӯъ аз соли 2010 гурӯҳи кории махсус дар робита ба ин масъала таҳқиқот гузаронида, миёни аҳолӣ назарсанҷиҳо доир менамояд.

Ба қавли ӯ, дар паёми имсолаи президент ба парлумон зарурати мушаххас кардани масъалаи мазкур таъкид гардида, гурӯҳи корӣ марҳилаи ниҳоии таҳқиқотро оғоз намуд.

«Пешакӣ алҳол чизе гуфта наметавонам, вале таассурот аз вохӯриҳову семинар ва суҳбатҳо гувоҳи онанд, ки аксари аҳолӣ ҷонибдори бекор кардани ҳукми қатл мебошад», – гуфт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи кафолатҳои конститутсионии Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ Музаффар Ашӯров ва профессори ДМТ Тақдиршо Шарифов ба саволҳои сершумори ҳозирин оид ба масоили ҳуқуқӣ посух гуфтанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.