Чанде қабл Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зариф Ализода бо Зайд Саидов дар ҳузури се ҳимоятгари ӯ (И. Табаров, Ф.Зокиров, Ш.Қудратов) вохӯрӣ анҷом дод.
Тавре аз хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон хабар доданд ҳангоми вохӯрӣ оид ба шароити нигоҳдорӣ ва имконияти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ гуфтугӯ сурат гирифт.
Ба иттилои манбаъ, ҳангоми суҳбат бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон З.Саидов аз шароити ҷойи нигоҳдорӣ ва муносибати кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия изҳори миннатдорӣ намуд. ӯ қайд кард, ки оид ба айбдориҳое, ки нисбати ӯ аз ҷониби мақомоти номбурда пешниҳод шудааст, далелу санадҳоро ба воситаи адвокатҳои худ гирд оварда, пешниҳод карда истодааст.
Ҳамчунин З.Саидов иброз намуд, ки дар атрофи номи ӯ аз ҷониби шахсони алоҳида ва воситаҳои ахбори омма ҳангомаҳо ташкил шуда истодаанд, ки онҳо нодаркоранд ва ба ӯ лозим нестанд.
Баъди анҷоми вохӯрӣ якчанд нафар, аз ҷумла як шаҳрванди Ветнам ба назди Ваколатдор омада, иброз намуданд, ки онҳо аз воситаҳои ахбори омма дар бораи боздошт гардидани З.Саидов огоҳ шуда, ба мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия омада, оид ба ҷабрдида эътироф шудани онҳо аз кирдорҳои З.Саидов арз намудаанд.
Нисбати айбдориҳои ба З.Саидов пешниҳодшуда, тафтишот идома дошта, мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон онро пайгирӣ хоҳад кард.



