Таъсиси Эътилофи ҳимоят аз демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ

Дар Тоҷикистон Эътилофи ҳимоят аз демократия ва ҳуқуқҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ шомил гардиданд. Тавре дар изҳороти Эътилоф зикр мегардад, таъсиси он ба он хотир рӯйи кор омадааст, ки «демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон таҳти хатар қарор доранд». «Ҷомеаи шаҳрвандӣ имкони бевоситаи иштирок […]

ASIA-Plus


Дар Тоҷикистон Эътилофи ҳимоят аз демократия ва ҳуқуқҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ шомил гардиданд.

Тавре дар изҳороти Эътилоф зикр мегардад, таъсиси он ба он хотир рӯйи кор омадааст, ки «демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон таҳти хатар қарор доранд».

«Ҷомеаи шаҳрвандӣ имкони бевоситаи иштирок дар умури идораи давлат ва ҷомеаро надорад ва қазияи марбут ба нияти як гурӯҳ аз тоҷирон баҳри таъсиси ҳизби сиёсии «Тоҷикистони нав» мисоли он аст», – гуфта мешавад дар изҳорот.

Дар изҳорот зикр мегардад, ки Эътилоф бо мақсади ҷустуҷӯ, рушд, амалисозӣ ва таъмини мардум ба идораи умури давлат, густариши демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис ёфта, барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандиву шаҳрвандон узвият ба Эътилоф ихтиёриву озодона аст.

Дар назди Эътилоф инчунин Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқҳои Зайд Саидов таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он 13 нафар, аз ҷумла аъзои Гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» шомил гардиданд.

Ҳайати Раёсати Эътилоф аз 9 нафар, аз ҷумла раиси Консорсиуми ҳуқуқӣ Раҳматилло Зойиров, муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалӣ Ҳайит, намояндаи Гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» Маҳмудҷон Қосимов, сиёсатшинос Абдуғанӣ Мамадазимов, узви Шӯрои сиёсии ҲСДТ Шодавлат Шонусайриев, раиси АМВАОМТ Нуриддин Қаршибоев, рӯзноманигор Рамзия Мирзобекова, Маҳадмурод Одинаев (падари маҳбус Маҳмурод Ризоев) ва Қирғизбек Канунов ҳамчун намояндаи ҷавонон иборат аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.