Тақвияти назорати муомилоти мухаддирот дар қатораҳо

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявии амалиёти «Кӯкнор-2013» баргузор гардид. Бино ба иттилои АНМН, дар кори ҷаласа аъзоёни Ситоди амалиёти «Кӯкнор-2013», Прокурори нақлиёти ҶТ, сардори РВКД дар нақлиёт, сардори раёсати КДАМ ҶТ, муовини аввали сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», сардори Раёсати назорати сарҳадии қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ва сардорони раёсату […]

ASIA-Plus


Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявии амалиёти «Кӯкнор-2013» баргузор гардид.

Бино ба иттилои АНМН, дар кори ҷаласа аъзоёни Ситоди амалиёти «Кӯкнор-2013», Прокурори нақлиёти ҶТ, сардори РВКД дар нақлиёт, сардори раёсати КДАМ ҶТ, муовини аввали сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», сардори Раёсати назорати сарҳадии қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ва сардорони раёсату шӯъбаҳои Агентӣ иштирок намуданд.

«Дар ҷаласа масъалаи мустаҳкам кардани назорат аз болои ҳаракати қатораҳо дар роҳи оҳан, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дигар кишварҳо ҳаракат менамоянд, муҳокима ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба пурзӯр намудани назорати ҳаракати қатораҳои мусофирбари Тоҷикистон бо мақсади пешгирии эҳтимоли қочоқи мухаддирот тасдиқ карда шуд» – изҳор мегардад дар иттилои Агентӣ.

Ба иттилои манбаъ, бо мақсади пешгирии қочоқи маводи нашъадор ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия тавассути қатораҳо пешниҳод шуд, ки бо кормандони КВД «роҳи оҳани Тоҷикистон» корҳои профилактикӣ, пешгирикунанда ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида шаванд. Инчунин, ҳамкориҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия густариш дода шавад.

Зимнан зикр мегардад, ки моҳи августи соли ҷорӣ дар ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявии амалиёти «Кӯкнор-2013» баррасӣ кардани рафти иҷрои сифатноки чорабиниҳои ба нақша гирифташуда пешбинӣ шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.