Роҳандозии ҳамкориҳо ба шаҳри Денизлии Туркия

Нимаи ҳафтаи равон сафири Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарипов зимни сафари кории худ ба шаҳри Денизлии Туркия бо волии Денизлӣ Абдулқодир Демир вохӯрӣ анҷом дод. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкории миёни Тоҷикистон ва Туркия изҳори қаноатмандӣ намуда, оид ба масоили ҳамкории минтақавӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, инчунин ҳамкориҳо дар соҳаҳои […]

ASIA-Plus


Нимаи ҳафтаи равон сафири Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарипов зимни сафари кории худ ба шаҳри Денизлии Туркия бо волии Денизлӣ Абдулқодир Демир вохӯрӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкории миёни Тоҷикистон ва Туркия изҳори қаноатмандӣ намуда, оид ба масоили ҳамкории минтақавӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, инчунин ҳамкориҳо дар соҳаҳои гидроэнергетика, кишоварзӣ, коркарди маъдан ва сайёҳӣ сӯҳбат анҷом доданд.

Ба иттилои манбаъ, худи ҳамон рӯз мулоқоти сафири Тоҷикистон бо ректори Донишгоҳи Памуккале Ҳусейн Бағҷӣ барпо гашт. Дар ҷараёни мулоқот масоили қабул ва таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи бурсияҳо, ба роҳ мондани ҳамкории Донишгоҳи мазкур бо донишгоҳҳои олии Тоҷикистон ва табодули таҷриба мавриди баррасӣ қарор гирифт.

«Сипас сафир бо роҳбари Маркази техникии назди Донишгоҳи Памуккале Ҳасалиддин Делигуз ҷиҳати шиносоӣ бо Барномаи тайёр намудани мутахассисон ва дастгирии соҳибкорони хурду миёна мубодилаи афкор намуд», – баён мегардад дар иттилои вазорат.

Зимнан зикр мегардад, ки дар чаҳорчӯбаи сафари корӣ мулоқоти бо раиси Палатаи тиҷоратии Денизлӣ Неҷдет Узер баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ- тиҷоратӣ, бунёд намудани корхонаҳои саноатӣ- истеҳсолӣ ва ташкил намудани намоишгоҳи молҳои нассоҷӣ ва таҷҳизотҳои замонавиро дар Душанбе матраҳ намуданд.

Қобили зикр аст, ки Денизлӣ шаҳри саноатӣ буда, аз лиҳози истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таҷҳизоти корхонаҳои нассоҷӣ дар Туркия ҷойи намоёнро ишғол намуда, бо зиёда аз 100 кишвари дунё ҳамкории тиҷоратиро ба роҳ мондааст ва табодули молу маҳсулоти ин шаҳр дар соли гузашта 2 млрд. доллари амрикоиро ташкил додааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.