Кӯшиши тағйири чораи пешгирӣ нисбати З.Саидов

Ҷониби ҳимояи Зайд Саидов имрӯз аз болои қарори суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт оид ба интихоби чораи пешгирӣ нисбати зерҳимояашон дар шакли дар ҳабс нигоҳ доштан шикояти кассатсионӣ бурд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокат Шуҳрат Қудратов хабар дод, барои содир намудани чун қарор суд ҳеҷ асосе надошт. «Гап сари он аст, ки Саидов ба мақомоти суду […]

ASIA-Plus


Ҷониби ҳимояи Зайд Саидов имрӯз аз болои қарори суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт оид ба интихоби чораи пешгирӣ нисбати зерҳимояашон дар шакли дар ҳабс нигоҳ доштан шикояти кассатсионӣ бурд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокат Шуҳрат Қудратов хабар дод, барои содир намудани чун қарор суд ҳеҷ асосе надошт. «Гап сари он аст, ки Саидов ба мақомоти суду тафтишот монеъа эҷод карданӣ набуд ва нияти тарк кардани қаламрави ҷумҳуриро ҳам надошт, зеро агар ӯ ба ин амал даст заданӣ мебуд, аз Аврупо барнамегашт. Аз ин рӯ, ман аз суд дархост мекунам ки чораи пешгирӣ нисбати зерҳимояам ба баёнот дар бораи тарк накардани маҳалли зист иваз карда шавад», – иброз дошт ӯ.

Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид. Чанде қабл дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт дахолатнопазирии З.Саидов бекор шуд. Дар манзил ва дафтари кории З.Саидов кофтуков гузаронида шуд. Ӯ дар содир намудани як қатор ҷиноёти вазнини иқтисодӣ гунаҳкор дониста мешавад.

Санаи 22-юми май суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба ҳабси тоҷир иҷозат дод. Шаби гузашта ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав», тоҷири маъруф Зайд Саидов аз бинои Агентии зиддифасод, ки аз замони боздошт дар он қарор дошт, ба тавқифгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ гузаронида шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.