Чораи пешгирӣ нисбати З.Саидов бетағйир гузошта шуд

Дата:


Суди шаҳри Душанбе қарори суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар мавриди чораи пешгирӣ нисбати Зайд Саидов дар шакли дар ҳабс нигоҳ доштанро бетағйир боқӣ гузошт. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» пас аз натоиҷи баррасии шикояти кассатсионӣ адвокатҳои Зайд Саидов хабар доданд.

Ба қавли яке аз адвокатҳо Шуҳрат Қудратов, ҷониби ҳимоя бо чунин қарори суд розӣ нест. «Суд ба айбномаҳои пешниҳодшуда баҳои воқеъӣ надод ва ба назар мерасад, ки ин қарор мустақилона қабул нашудааст», – мутмаин аст ӯ.

Қудратов ҳамчунин гуфт, онҳо аз болои ин қарори суд низ шикоят бурда, ба тағйири интихоби чораи пешгирӣ нисбати зерҳимояашон дар шакли тарк накардани маҳалли зист муваффақ шуданианд.

Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.

Чанде қабл дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт дахолатнопазирии З.Саидов бекор шуд. Дар манзил ва дафтари кории З.Саидов кофтуков гузаронида шуд. Ӯ дар содир намудани як қатор ҷиноёти вазнини иқтисодӣ гунаҳкор дониста мешавад.

Санаи 22-юми май суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба ҳабси тоҷир иҷозат дод. Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта, 24-уми май роҳбари Гурӯҳи ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав», тоҷири маъруф Зайд Саидов аз бинои Агентии зиддифасод, ки аз замони боздошт дар он қарор дошт, ба тавқифгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ гузаронида шуд.

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное