Дарёфти ҷасади як ҷавонзан дар Қӯрғонтеппа

Шаби гузашта дар назди меҳмонхонаи «Қӯрғонтеппа»-и маркази маъмурии вилояти Хатлан ҷасади як ҷавонзани 29-сола, сокини ноҳияи Бохтар дарёфт шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Қӯргонтеппа, полковники милиса Суҳроб Саломов хабар дод, нимашаб ба онҳо дар бораи дарёфти ҷасади як ҷавонзан дар назди меҳмонхона хабар расида, дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи фаврӣ […]

Сайраҳмон Назриев


Шаби гузашта дар назди меҳмонхонаи «Қӯрғонтеппа»-и маркази маъмурии вилояти Хатлан ҷасади як ҷавонзани 29-сола, сокини ноҳияи Бохтар дарёфт шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Қӯргонтеппа, полковники милиса Суҳроб Саломов хабар дод, нимашаб ба онҳо дар бораи дарёфти ҷасади як ҷавонзан дар назди меҳмонхона хабар расида, дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи фаврӣ ҷасади Гулнора Мавлоноваи 29-сола дарёфт кардааст.

«Дар ҷараёни санҷиши аввалияи ҷойи ҳодиса ва ҷасади марҳум муқаррар гардид, ки ин ҷавонзан аз ошёнаи 3-юми меҳмонхона ба замин афтодааст», – шарҳ дод Саломов.

Зимнан зикр гардид, ки акнун кормандони фавриро зарур аст, ки сабаби марги ҷавонзан – худкушӣ, ҳодисаи нохуш ё куштор будани ин ҳодисаро муайян кунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.