Чораи пешгирӣ нисбати З.Саидов бетағйир гузошта шуд

Суди шаҳри Душанбе қарори суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар мавриди чораи пешгирӣ нисбати Зайд Саидов дар шакли дар ҳабс нигоҳ доштанро бетағйир боқӣ гузошт. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» пас аз натоиҷи баррасии шикояти кассатсионӣ адвокатҳои Зайд Саидов хабар доданд. Ба қавли яке аз адвокатҳо Шуҳрат Қудратов, ҷониби ҳимоя бо чунин қарори суд розӣ […]

ASIA-Plus


Суди шаҳри Душанбе қарори суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар мавриди чораи пешгирӣ нисбати Зайд Саидов дар шакли дар ҳабс нигоҳ доштанро бетағйир боқӣ гузошт. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» пас аз натоиҷи баррасии шикояти кассатсионӣ адвокатҳои Зайд Саидов хабар доданд.

Ба қавли яке аз адвокатҳо Шуҳрат Қудратов, ҷониби ҳимоя бо чунин қарори суд розӣ нест. «Суд ба айбномаҳои пешниҳодшуда баҳои воқеъӣ надод ва ба назар мерасад, ки ин қарор мустақилона қабул нашудааст», – мутмаин аст ӯ.

Қудратов ҳамчунин гуфт, онҳо аз болои ин қарори суд низ шикоят бурда, ба тағйири интихоби чораи пешгирӣ нисбати зерҳимояашон дар шакли тарк накардани маҳалли зист муваффақ шуданианд.

Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.

Чанде қабл дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт дахолатнопазирии З.Саидов бекор шуд. Дар манзил ва дафтари кории З.Саидов кофтуков гузаронида шуд. Ӯ дар содир намудани як қатор ҷиноёти вазнини иқтисодӣ гунаҳкор дониста мешавад.

Санаи 22-юми май суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба ҳабси тоҷир иҷозат дод. Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта, 24-уми май роҳбари Гурӯҳи ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав», тоҷири маъруф Зайд Саидов аз бинои Агентии зиддифасод, ки аз замони боздошт дар он қарор дошт, ба тавқифгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ гузаронида шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.