Мулоқоти хоссаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон

spot_imgspot_img

Дата:


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ ва ҳам иштирок дар ҳамоиши ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек қарор дорад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвари ҳамсоя нахуст дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Алмазбек Атамбаев ва  сипас дар музокироти расмӣ ва нахустин нишасти Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон дар оғози суҳбат, аз ҷумла изҳор дошт: «Муносиботи байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон намунаи ҳамсоягии накӯ, дӯстии боэътимод ва эҳтироми мутақобила мебошад» ва афзуд, ки «мо ин анъанаҳои некро пурарзиш медонем ва барои таҳким ва ғанигардонии бештари онҳо пайваста ҷаҳду талош мекунем».

Алмазбек Атамбаев боздиди расмии Эмомалӣ Раҳмонро ба Қирғизстон «марҳиласоз» номида, барои ҳусни ниятҳо доир ба дастгирии эътидолу суботи Қирғизистон ва ҳамкории босамар арзи қадрдонӣ намуд. Ӯ, ҳамчунин изҳор дошт, ки муносиботи хайрхоҳонаи Тоҷикистону Қирғизистон мақоми хоса касб намудаанд.

Ба сатҳ ва сифати робитаҳои судманди Тоҷикистону Қирғизистон баҳои баланд дода шуд. Зикр гардид, ки соли 2012 мубодилоти молу маҳсулоти миёни Тоҷикистону Қирғизистон  60% афзудааст ва тамоюли афзоиши он идома дорад.

Ҳарду ҷониб барои мавриди баҳрабардорӣ қарор додани имкону захираҳои фаровони ҳанӯз истифоданашуда дар бахшҳои гуногуни сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисоду тиҷорат, илму техника ва фарҳанг омодагии устувори худро таъкид доштанд.

Барои ин ба кор даровардани механизмҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатӣ ва беш аз пеш фаъол намудани ду  комиссияи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва доир ба мушаххассозӣ ва аломатгузории хатти сарҳади давлатии миёни ду кишвар зарур шумурда шуд.

Бо ишора ба ҳамрангии манфиатҳои минтақавии Тоҷикистону Қирғизистон ҳарду ҷониб таъкид бар он доштанд, ки доир ба истифодаи оқилонаи захираҳои обию энергетикӣ ва ҳалли масоили минтақавии нақлиётию транзитӣ ҳамгироии худро ҳамоҳанг намуда, тақвият мебахшанд.

Мувофиқа ҳосил шуд, ки нишасти дуюми Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатӣ ояндаи наздик дар Тоҷикистон баргузор карда шавад. Ҳамчунин қарор карда шуд, ки сатҳи ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматӣ доир ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадии давлатии миёни Тоҷикистону Қирғизистон то ба сатҳи Муовини сарвазир аз ҳарду ҷониб бардошта шавад.

Дар охир Эмомалӣ Раҳмон аз Алмазбек Атамбоев даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Даъват бо сипосгузорӣ пазируфта шуд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...