«Барқи тоҷик» аз нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» 20 млн. $ қарздор аст

Як манбаъ аз сафорати Эрон дар Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфтааст, қарзи ширкати «Барқи тоҷик» дар назди нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» дар ҳоли ҳозир то 20 миллион доллари ИМА расидааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, қарзи «Барқи тоҷик» ҳар моҳ ба миқдори ду миллион доллар афзоиш меёбад. Моҳи феврали соли равон бахши иқтисодии сафорати Эрон дар Тоҷикистон […]

ASIA-Plus


Як манбаъ аз сафорати Эрон дар Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфтааст, қарзи ширкати «Барқи тоҷик» дар назди нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» дар ҳоли ҳозир то 20 миллион доллари ИМА расидааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, қарзи «Барқи тоҷик» ҳар моҳ ба миқдори ду миллион доллар афзоиш меёбад.

Моҳи

феврали соли равон

бахши иқтисодии сафорати Эрон дар Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба ширкати “Барқи тоҷик”, тақозо намудааст, ки то замони ташрифи президенти ин кишвар Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистон, масъалаи пардохти қарзро, ки 12 млн. доллари ИМА-ро ташкил медод,  ҳаллу фасл кунад, вале сафари расиҷумҳури Эрон дар моҳи март ва сипас дар моҳи апрел низ ба вуқӯъ напайваст.

Чанде қабл аз

сафорати Эрон дар Тоҷикистон

ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки сарфи назар аз омода будани агрегати дуюми нрӯгоҳи «Сангтӯда-2» барои мавриди баҳрабардорӣ қарор додан, маросими ба истифода додани он доимо ба таъхир гузошта мешавад. Барои баргузории маросими расмии мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати дуюми нерӯгоҳ онҳо ташрифи расиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистонро интизорӣ доранд.

Мавриди зикр аст, ки маросими мавриди истифода қарор гирифтани агрегати якуми нерӯгоҳи Сангтӯда-2 низ санаи 5-уми сентябри соли 2011 бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод доир гардида буд. Пас аз пурра мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳи Сангтӯда-2 иқтидори солонаи истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон 1 млрд. кВт/соат зиёд мешавад.

Нерӯгоҳи Сангтӯда-2 лоиҳаи муштараки Эрону Тоҷикистон буда, ҳиссаи Тоҷикистон дар он 40 млн. $ ва ҳиссаи Эрон 180 млн. $-ро ташкил медиҳад. Айни замон танҳо яке аз агрегатҳои нерӯгоҳ бо иқтидори 110 МВт мавриди амал қарор дошта, бо фаъол шудани агрегати дуюми нерӯгоҳ иқтидори он 220 МВт-ро ташкил хоҳад дод.

Майдони сохтмони нерӯгоҳи барқии Сангтӯда-2 дар 120 километрии ҷанубу шарқи Душанбе воқеъ аст. Сохтмони иншоот панҷ сол қабл оғоз гардида, даромади 12,5 соли аввали кори он ба ихтиёри Эрон вогузор хоҳад шуд. Пас аз ин нерӯгоҳ пурра ба ихтиёри Тоҷикистон мегузарад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.