«Хазинаи тилоии тоҷикон» – ғолиби озмуни байнулмилалӣ

Дар ҷаласаи Шӯрои ҳакамони Озмуни XX-уми байнулмилалии «Ҳунари китоб» (Искусство книги»)-и кишварҳои узви ИДМ, ки санаи 24-уми май дар пойтахти Белорус – шаҳри Минск доир гардид, китоби вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ «Хазинаи тилоии тоҷикон» дар номинатсияи «Арт-книга» беҳтарин эътироф гардид. Қобили зикр аст, ки ин китоб ба ҳунари нотакрори меъмориву наққошӣ ва санъати […]

Меҳрангез Турсунзода


Дар ҷаласаи Шӯрои ҳакамони Озмуни XX-уми байнулмилалии «Ҳунари китоб» (Искусство книги»)-и кишварҳои узви ИДМ, ки санаи 24-уми май дар пойтахти Белорус – шаҳри Минск доир гардид, китоби вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ «Хазинаи тилоии тоҷикон» дар номинатсияи «Арт-книга» беҳтарин эътироф гардид.

Қобили зикр аст, ки ин китоб ба ҳунари нотакрори меъмориву наққошӣ ва санъати дастии тоҷикон дар асрҳои гузашта ва имрӯз бахшида шудааст. Бахшҳое аз китоб намунаи ҳунарҳои «Хазинаи Ому», «Роҳи бузурги абрешим», наққошӣ, миниётураҳо, заргарӣ, кандакорӣ, кулолӣ, ҳунари тарроҳиву тасвирӣ, меъморӣ, либосҳои миллӣ, гулдӯзӣ, созҳои мусиқии асрҳои гузашта ва дигар намунаҳои санъати амалӣ ва ороишии мардуми тоҷикро дар бар мегирад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори нашриёти «Ирфон» Ҷӯра Шарифов хабар дод, озмун аз рӯи ҳафт номинатсия баргузор шуда, дар он беҳтарин китобҳои аз ҷониби нашриёти кишварҳои узви ИДМ чопшуда ба маърази тамошо гузошта шуданд.

«Ин китоб бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, форсӣ, арабӣ, чинӣ, англисӣ, фаронсавӣ ва олмонӣ нашр шуда, барои он Ҳамрохон Зарифӣ бо медали тиллоии ЮНЕСКО  сарфароз гардонида шуд»,- иброз дошт Шарифов.

Ба қавли ӯ, дар номинатсияи «Илм, фарҳанг ва маориф» китоби «Наврӯзнома»-и Умари Хайём (бо забонҳои тоҷикиву русӣ ва англисӣ), ки аз ҷониби нашриёти «Адиб» ба табъ расидааст, ба мақоми сеюм сазовор дониста шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.