Маъракаи кишти пунбадона ба итмом расид

Кишти пунбадона дар Тоҷикистон ба итмом расида, нисбат ба соли гузашта имсол майдони кишти он ба андозаи қариб 7 ҳазор гектар коҳиш ёфт. Бино ба маълумоти фаврии Раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, соли равон дар майдони беш аз 193 ҳазор гектар кишти пунбадона гузаронида шуд. Айни замон пунбадонаи дар майдони зиёда аз 186 ҳазор гектар […]

Пайрав Чоршанбиев


Кишти пунбадона дар Тоҷикистон ба итмом расида, нисбат ба соли гузашта имсол майдони кишти он ба андозаи қариб 7 ҳазор гектар коҳиш ёфт.

Бино ба маълумоти фаврии Раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, соли равон дар майдони беш аз 193 ҳазор гектар кишти пунбадона гузаронида шуд.

Айни замон пунбадонаи дар майдони зиёда аз 186 ҳазор гектар (96%) киштшуда дар марҳилаи нашъунамо қарор дошта, мунтазам чораҳои агротехникӣ анҷом дода мешаванд.

Дар вилояти Хатлон дар майдони беш аз 128 ҳазор, вилояти Суғд – 59 ҳазор ва навоҳии тобеи марказ – беш аз 5,8 ҳазор гектар пунбадона кишт шудааст.

Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, соли равон асосан навъҳои пунбадонаи «Флора», «Кармен», «Намангон», «Истиқлол», «Ҳисор» ва ғайра кишт шудаанд.

Маъракаи кишти пунбадона нимаи моҳи марти соли ҷорӣ оғоз гардид. Соли равон кишоварзон ният доранд, ки дар ҳаҷми 415 ҳазор тонна ҳосили пахта ба даст оранд.

Соли гузашта пунбадона дар майдони ҳудуди 200 ҳазор гектар кишт шуда, 415 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.