Муҳокимаи ошкорои парлумонӣ дар МНМО ҶТ

Дар палати поёнии парлумони мамлакат таҳти раёсати муовини раиси МНМО ҶТ Мирганд Шабозов муҳокимаи ошкорои парлумонӣ баргузор шуда, дар он масъалаи таъмини молиявии татбиқи қарори ҳукумати ҶТ «Дар бораи тасдиқи Нақшаи стратегии оид ба солимии репродуктивии аҳолӣ дар давраи то соли 2014» баррасӣ шуд. Дар он намояндагону масъулони вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла вазоратҳои тандурустӣ, […]

ASIA-Plus


Дар палати поёнии парлумони мамлакат таҳти раёсати муовини раиси МНМО ҶТ Мирганд Шабозов муҳокимаи ошкорои парлумонӣ баргузор шуда, дар он масъалаи таъмини молиявии татбиқи қарори ҳукумати ҶТ «Дар бораи тасдиқи Нақшаи стратегии оид ба солимии репродуктивии аҳолӣ дар давраи то соли 2014» баррасӣ шуд. Дар он намояндагону масъулони вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла вазоратҳои тандурустӣ, молия, палатаи ҳисоб ва дигар ниҳодҳои марбута иштирок доштанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти МНМО ҶТ, зимни суханрониҳо дар робита ба ин масъала раиси Кумитаи МНМО ҶТ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Хайринисо Юсуфӣ, вазири тандурустӣ Нусратулло Салимов, раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Дилмурод Давлатов ва муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Руҳулло Ҳакимов таъкид намуданд, ки нақшаи стратегии зикршудаи ҳукумати кишвар, қабл аз ҳама ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ, танзими афзоиши шумори аҳолии ҷумҳурӣ ва ҳифзи солимии занону кӯдакон нигаронида шудааст.

«Маърӯзачиён зарурати ҷалби фаъолонаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои мададрасони байнулмилалӣ дар амалисозии нақшаи стратегии мазкурро таъкид карданд», – иттилоъ медиҳад манбаъ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.