Мулоқоти Э.Раҳмон бо раиси парлумон ва нахуствазири Қирғизистон

Субҳи имрӯз дар Бишкек зимни сафари расмӣ ба Қирғизистон президенти Тоҷикистон бо раиси парлумон ва нахуствазири Қирғизистон мулоқот орост. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба майдони Ғалабаи шаҳри Бишкек ташриф оварда, ба нишони эҳтиром ба арзишҳои миллию таърихии Ҷумҳурии Қирғизистон дар назди гулхании ёдгорӣ аз қаҳрамонону қурбониёни мардуми ин кишвар […]

ASIA-Plus


Субҳи имрӯз дар Бишкек зимни сафари расмӣ ба Қирғизистон президенти Тоҷикистон бо раиси парлумон ва нахуствазири Қирғизистон мулоқот орост.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба майдони Ғалабаи шаҳри Бишкек ташриф оварда, ба нишони эҳтиром ба арзишҳои миллию таърихии Ҷумҳурии Қирғизистон дар назди гулхании ёдгорӣ аз қаҳрамонону қурбониёни мардуми ин кишвар гулчанбар гузошт ва хотираи онҳоро пос дошт.

Дар мулоқот бо раиси Жогорку Кенеши (Парлумони) Қирғизистон Асил Жеенбеков масоили таҳкими асосҳои сиёсию ҳуқуқии муносиботи ду кишвар ва робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.

Зимни вохӯрӣ бо нахуствазири Қирғизистон Жанторо Сотиболдиев паҳлӯҳои гуногуни ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар дар партави санадҳои нави имзошуда ва тавофуқоти ҳосилгардида баррасӣ шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.