Эмомалӣ Рахмон барои ихтиёрӣ супоридани аслиҳа ба сокинони водии Рашт мӯҳлат муқаррар кард

Душанбе. 3-юми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни мулоқот бо сокинон дар майдони варзишии ноҳияи Рашт президенти Тоҷикитон изҳор дошт, ки рӯзҳои наздик шахсоне, ки ғайриқонунӣ аслиҳа нигоҳ медоранд, бояд онро ба ҳукуматдорон биспоранд ва дар рӯҳои таҷлили Иди Фитр онҳо авф хоҳанд шуд. Ҳамчунин сарвари давлат афзоиши нишондодҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақаро қайд карда, […]

root


Душанбе. 3-юми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни мулоқот бо сокинон дар майдони варзишии ноҳияи Рашт президенти Тоҷикитон изҳор дошт, ки рӯзҳои наздик шахсоне, ки ғайриқонунӣ аслиҳа нигоҳ медоранд, бояд онро ба ҳукуматдорон биспоранд ва дар рӯҳои таҷлили Иди Фитр онҳо авф хоҳанд шуд.




Ҳамчунин сарвари давлат афзоиши нишондодҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақаро қайд карда, таъкид сохт, ки шароитҳои мавҷудаи минтақа ба рушди боғдорӣ, занбӯриасалпарварӣ, картошкапарварӣ ва чорводорӣ мусоидат мекунанд.



«Солҳои ахир дар ноҳияи Рашт 15 нерӯгоҳи барқии хурд мавриди истифода қарор гирифт ва ҳукумати Тоҷикистон баҳри рушди ноҳия дар соли равон 15 млн. сомонӣ ҷудо кард, ки аз ҳисоби ин маблағҳо дар шаҳраки Навобод меҳмонхонаи замонавӣ ва майдони варзишӣ сохта шуданд», – гуфт ӯ.



Э.Раҳмон ҳамчунин зикр кард, ки ба сифати тӯҳфа аз маблағҳои Фонди президент 8 адад трактории МТЗ-80, 6 адад мошини ёрии таъҷилӣ, 9 автобуси мусофирбар, 70 компютер ва 12 принтер тақдим мекунад. Зикр гардид, ки ҳамчунин барои таъмиру бозсозии варзишгоҳи ноҳия дар давоми ду сол 3 млн. сомонӣ ҷудо карда хоҳад шуд. Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон озими ноҳияи Тоҷикобод шуд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.