Таҷлили Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон дар пойтахт

spot_imgspot_img

Дата:

- Advertisement -


Дар саросари ҷумҳурӣ Рӯзи байнулмилалии кӯдакон, ки ҳамасола 1-уми июн таҷлил мегардад, ҷашн гирифта мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири Маркази кӯдакону наврасони пойтахт Комилҷон Холов хабар дод, дар доираи чорабиниҳои Ҳафтаи кӯдакону наврасон дар Боғи кӯдакони пойтахт (паҳлӯи варзишгоҳи Спартак) бо иштироки беш аз 2 ҳазор нафар тарбиятгирандагони кӯдакистон ва толибилмони макотиби таҳслоти умумӣ як чорабинии пуршукӯҳе доир мегардад.

- Advertisement -

«Дар ин боғ намоишгоҳи ҳанарҳои дастии кӯдакон, мусобиқоти варзишӣ ва озмуни махсуси «Расм дар рӯи асфалт» баргузор шуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд», – иброз дошт ӯ.

Аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар доданд, ки имрӯз дар театри лӯхтаки пойтахт барои тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ва хонаҳои ятимони шаҳри Душанбе спектакл намоиш дода шуда, ба ҳар кадоми онҳо туҳфаҳо тақдим карда мешаванд. «Рӯзи 1-уми июн дар Маркази омӯзишии «Чароғи ҳидоят» барои духтарони ятим як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ созмон дода мешаванд», – гуфтанд дар Кумита.

- Advertisement -

Популярное

Похожие материалы