Оғози Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон

Ахири ҳафтаи гузашта дар Маркази давлатии фарҳанги шаҳри Ашқобод маросими пуршукӯҳу мутантани ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон баргузор шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Миралӣ Достиев хабар дод, ҳайати намояндагони аҳли ҳунару фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистонро муовини нахуствазир кишвар Руқияи Қурбонова сарварӣ мекунад. «Ба ҳайат ҳунармандони Филармонияи давлатӣ ва гурӯҳҳои […]

Аваз Юлдошев


Ахири ҳафтаи гузашта дар Маркази давлатии фарҳанги шаҳри Ашқобод маросими пуршукӯҳу мутантани ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Миралӣ Достиев хабар дод, ҳайати намояндагони аҳли ҳунару фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистонро муовини нахуствазир кишвар Руқияи Қурбонова сарварӣ мекунад. «Ба ҳайат ҳунармандони Филармонияи давлатӣ ва гурӯҳҳои эҷодии Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ шомиланд», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли Достиев, Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон то рӯзи 6-уми июн идома ёфта, дар чаҳорчӯби он дар Вазорати фарҳанги ин кишвар мулоқоти ҷонибҳо оид ба рушди муносиботи фарҳангӣ ва табодули таҷриба дар ин самт доир мегардад.

«Ҳамчунин дар осорхонаи ҳунарҳои рассомии Туркманистон намоишгоҳи ҳунари дастӣ ва асарҳои рассомони Тоҷикистон боз шуда, дар маркази кинову консерти «Туркманистон» филмҳои истеҳсоли Тоҷикистон намоиш дода мешаванд», – зикр кард номбурда.

Муовини вазир ҳамчунин гуфт, дар Маркази кинову консерти «Ватан» ва вилояти Лебоп консерти дастаҳои ҳунарӣ ва рақсии Тоҷикистон барпо хоҳанд шуд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.