Намоишгоҳи байнулмилалии Душанбе ниҳоят ифтитоҳ шуд

Пас аз таваққуфи якрӯза имрӯз дар Душанбе маросими ифтитоҳи Намоишгоҳ-ярмаркаи байнулмилалии «ИнтерЛегПром-2013» доир гардид. Ин маросим мебоист дирӯз баргузор мешуд, вале ба иллати иҷозаи вуруд надодани молу колоҳои эронӣ ба Тоҷикистон аз ҷониби Ӯзбекистон дар марз, он ба таъхир афтод. Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳ сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст изҳор дошт, ки «бо […]

Пайрав Чоршанбиев


Пас аз таваққуфи якрӯза имрӯз дар Душанбе маросими ифтитоҳи Намоишгоҳ-ярмаркаи байнулмилалии «ИнтерЛегПром-2013» доир гардид. Ин маросим мебоист дирӯз баргузор мешуд, вале ба иллати иҷозаи вуруд надодани молу колоҳои эронӣ ба Тоҷикистон аз ҷониби Ӯзбекистон дар марз, он ба таъхир афтод.

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳ сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст изҳор дошт, ки «бо воситаҳои ғайримаъмулӣ боздошт кардани вуруди молу колои таъиншуда барои баргузории намоишгоҳи байнулмилалӣ аз ҷониби кишвари ҳамсоя бидуни сабабҳои ҷиддӣ ба шаъни як давлат намезебад».

Сафир ваъда дод, ки тариқи роҳу воситаҳои дипломатӣ сабабҳои боздошт ва мусодираи чанде аз колоҳои ширкатҳои эронӣ аз ҷониби гумрукчиёни ӯзбекро рӯшан хоҳад кард. «Дар ин кор ҳамраъйии тамоми кишварҳои иштирокчии намоишгоҳ ва сохторҳои давлатии Тоҷикистон зарур аст», – гуфт ӯ.

Алиасғари Шеърдӯст изҳори умедворӣ кард, ки «рӯзе фаро мерасад, ки мо ба ҳамлу нақли бемамониати молу коло миёни Тоҷикистон ва кишварҳои дӯсти он, ки миёни онҳо Эрон низ ҳаст, шоҳид хоҳем буд».

Роҳбари ширкати эронии намоишгоҳии «Роҳи рушди Осиё» Муҳаммад Умронӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки пас аз интизории серӯза дар марз гумрукчиёни ӯзбек муддати як рӯз молу колои онҳоро мавриди тафтиш қарор додааанд. «Чунин амалҳои кишвари ҳамсоя минбаъд аксари ширкатҳоро водор месозад, ки қабл аз вуруди маҳсулоташон ба Тоҷикистон ба андеша бираванд», – гуфт ӯ.

Чанде аз намояндагони ширкатҳои эронӣ иброз доштанд, ки пас аз санҷиш маҳсулоти аксари ширкатҳо осеб дидаву мусодира ва ё бе ному нишон гум шуданд. «Мо дар намоишгоҳҳои кишварҳои зиёди ҷаҳон ширкат варзидем, вале бори нахуст бо чунин вазъи бесарусомониву гӯшношунид дучор омадем», – иброз доштанд онҳо.

Қобили зикр аст, ки дар намоишгоҳ дар баробари ширкатҳои ватанӣ 50 ширкати эронӣ ва ҳамчунин корхонаҳои Лаҳистону Чин иштирок доранд. Намоишгоҳ санаи 8-уми июн ба кори худ анҷом мебахшад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.