Гуруснанишинии журналисти тоҷик

Рӯзи 6-уми июн журналисти мустақили тоҷик Сафват Бурҳонов гуруснанишинии бемуҳлати сиёсӣ эълон кард. Дар изҳороти интишоршуда дар шабакаи Facebook ин тасмими худро С.Бурҳонов норозигӣ аз вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар маънидод мекунад. Ба навиштаи журналист, ӯ бо камоли масъулият ва дарки пайомади рафтори худ гуруснанишинии бемӯҳлати сиёсӣ эълон мекунад. «Вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва […]

ASIA-Plus


Рӯзи 6-уми июн журналисти мустақили тоҷик Сафват Бурҳонов гуруснанишинии бемуҳлати сиёсӣ эълон кард.

Дар изҳороти интишоршуда дар шабакаи Facebook ин тасмими худро С.Бурҳонов норозигӣ аз вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар маънидод мекунад.

Ба навиштаи журналист, ӯ бо камоли масъулият ва дарки пайомади рафтори худ гуруснанишинии бемӯҳлати сиёсӣ эълон мекунад.

«Вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро, ки давоми солҳои истиқлолият мушоҳида мекунам, ба тадриҷ рӯ ба қафо меорад. Дар ин давом инсон чеҳраи худро ҳамчун мавҷуди олӣ аз даст дод. Инсон дар кишвари ман ба махлуқи беҳуқуқ табдил ёфт. Кулли сохторҳои давлатӣ фалаҷ шуда, ба рукуди бебозгашт гирифтор шудаанд.

Коррупсия тамоми қишрҳои ҷамъиятро пахш кардааст. Сохторҳо ва созмонҳои байнулмилалии муқими Тоҷикистон низ умуман аз вазифаҳои худ фаромӯш кардаанд. Онҳо низ фасодолуда шудаанд», – менависад рӯзноманигор.

Бо дарки вазъи зиндагии кишвар ва барои ислоҳи мушкилот дар доираи гуруснанишинии худ рӯзноманигор чунин талаботро пеш овардааст:

1) Ҳайати бебарори роҳбарияти сохторҳои иқтисодии кишвар пурра нав карда шавад;

2) Кишвар бояд аз бунбасти сунъӣ, ки нишонаи бебарории сиёсати хориҷист, бароварда шавад;

3) Реформаи оҷили Қувваҳои мусаллаҳ гузаронида шавад;

4) Роҳбарияти кишоварзӣ ва об нав карда шуда, барномаи коршоями кишоварзӣ ва ирригатсионӣ таҳия шавад, замин ба деҳқон бояд воқеан тааллуқ дошта бошад;

5) Ҳукумат бояд сиёсати давлатии муносибат бо моликияти интеллектуалиро солим гардонад;

6) Раванди шармовар ва қонункуши муҳоҷират – ғуломии шаҳрвандон бояд баҳогузорӣ шуда, давлат аз ҳуқуқҳои шаҳрвандонаш пуштибонӣ кунад;

7) Роҳбарони дар курсиҳои давлатӣ шахшуда, гирифтори рукуд гаштаро бояд иваз кард;

 8) Маблағҳои аз Тоҷикистон ғоратшуда, дар бонкҳои хориҷӣ пинҳонкардаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан бояд баргардонда ва моликияти ғайриманқули дар хориҷа харидаи онҳо миллӣ карда шаванд;

9) Созмонҳои байнулмилал ҳайати фасодзадаи тоҷикистонии худро бояд нав кунанд;

10) Қонунҳо бояд дар навбати аввал манфиати инсонро ҳимоя кунанд;

Сафват Бурҳонов журналисти мустақил буда, қаблан дар нашрияҳои мустақиле чун «Нерӯи сухан» ва «СССР» фаъолият дошт. Муассиси созмони «Салом» мебошад, ки фаъолияти он ба нармсозии муносибатҳои миёни Душанбеву Тошканд нигаронида шудааст.

Худи журналист ба ОИ «Азия-Плюс» сабаби хеле пештар, яъне дар давраи печидатар шудани ин мушкилоти зикршуда неву маҳз дар ин замон ба гуруснанишинӣ даст заданашро шарҳ надод. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.