Тоҷикистон ба алифбои форсӣ мегузарад?

Хабаргузории эронии «Форс» бо такя ба гуфтаҳои як дипломати ин кишвар иттилоъ додааст, ки барои гузаштан аз хати кириллӣ ба форсӣ Тоҷикистон аз Эрон кӯмак хостааст. Хабаргузорӣ менависад, Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон изҳор намудааст, ки мавзӯи алифбои форсӣ дар Тоҷикистон аз масоили дорои авлавияти Эрон аст. «Вай бо ишора ба ин ки Тоҷикистон […]

ASIA-Plus


Хабаргузории эронии «Форс» бо такя ба гуфтаҳои як дипломати ин кишвар иттилоъ додааст, ки барои гузаштан аз хати кириллӣ ба форсӣ Тоҷикистон аз Эрон кӯмак хостааст.

Хабаргузорӣ менависад, Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон изҳор намудааст, ки мавзӯи алифбои форсӣ дар Тоҷикистон аз масоили дорои авлавияти Эрон аст.

«Вай бо ишора ба ин ки Тоҷикистон қонуне тасвиб кардааст, ки дар муддати 10 сол хатти идориву мукотиботи расмии ин кишвар аз алифбои сириллик ба алифбои ниёкон (форсӣ) тағйир кунад, Эронро танҳо кишваре донист, ки метавонад дар ин масир ба Тоҷикистон кӯмак кунад», – омадааст дар иттилои хабаргузорӣ.

Ин гуфтаҳои сафир дар иттилои интишоршудаи

хабаргузории «Форс»

таҳти унвони «Вазири маорифи Тоҷикистон: Хостори кӯмаки Эрон барои чопи китобҳои мадорис ҳастем» зикр шудааст.

Аммо чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати маорифи ҶТ дар ин робита хабар доданд, сухан сари мулоқоти вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саидов бо сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст меравад, ки дар он муовини вазири маорифи Эрон Алиасғари Яздонӣ низ ҳузур доштааст ва дар он масоили табодули таҷриба дар омӯзиши донишҷӯёну кормандони илмӣ, кӯмаки Эрон дар муҷаҳҳаз сохтани нашриёти вазорат, чопи 10 номгӯи асарҳои бадеӣ бо забони форсӣ бо теъдоди 400 ҳазор нусха ва таҳияву нашри дубораи китоби дарсии «Алифбои ниёкон» барои хонадагони синфҳои 4-7-и макотиб баррасӣ шудаанд.

Дар робита ба масъалаи гуфтаҳои сафири Эрон доир ба қонуне, ки мутобиқи он Тоҷикистон бояд дар муддати 10 сол ба истифодаи хати форсӣ гузарад, як манбаъ аз Вазорати маориф изҳор намуд, ки дар ин хусус огаҳӣ надорад ва ҳатто намедонад, ки оё чунин қонун вуҷуд дорад ё на.

Ба эътиқоди ҳуқуқшиносони тоҷик, қонун ё банди ба ин монанд дар қонунгузории Тоҷикистон мавҷуд нест.

Дар навбати худ, дар сафорати Эрон дар Тоҷикистон баргузории вохӯрии мазкурро таъйид, вале гуфтаҳои зикршудаи сафирро, ки хабаргузорӣ бо истинод ба номи сафир овардааст, тасдиқ накарданд ва дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз ин сафорат, инро инкор ҳам накард.

Ёдрас мекунем, ки ҳанӯз

аввали моҳи январи

соли равон зимни нишасти хабарӣ вазири маорифи ҶТ Нуриддин Саидов изҳор карда буд, ки мухолифи гузаштан аз истифодаи хати кириллӣ ба форсӣ аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.