Аскар Ҳаким аз «Самак» ҷубронпулӣ талаб кард

Шоири тоҷик, собиқ раиси Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ Аскар Ҳаким аз болои ҳафтавори «Самак» ба додгоҳ шикоят бурда, барои паст задани шаъну эътибор ба сифати ҷуброни маънавӣ пардохти 150 ҳазор сомонӣ (1 $ = 4,75 сомонӣ) маблағро тақозо намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардабири ҳафтавори «Самак» Ҷасур Абдуллоев хабар дод, даъвогар ба мақолаи санаи 20-уми март […]

ASIA-Plus


Шоири тоҷик, собиқ раиси Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ Аскар Ҳаким аз болои ҳафтавори «Самак» ба додгоҳ шикоят бурда, барои паст задани шаъну эътибор ба сифати ҷуброни маънавӣ пардохти 150 ҳазор сомонӣ (1 $ = 4,75 сомонӣ) маблағро тақозо намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардабири ҳафтавори «Самак» Ҷасур Абдуллоев хабар дод, даъвогар ба мақолаи санаи 20-уми март чопшуда дар ҳафтавор тахти унвони «Зиёиёни бемушкили тоҷик» ишора дорад, ки дар он перомуни Иттифоқи рассомон сухан мерафтааст, вале ба иллати иштибоҳи фаннӣ ба ҷойи Иттифоқи рассомон Иттифоқи нависандагон дарҷ шуда, замони рӯйдодҳои мақола ба вақти дар мансаби раиси Иттифоқи нависандагон қарор доштани Аскар Ҳаким рост омадааст.

Ба қавли ӯ, дар шумораи баъдии ҳафтавор барои иштибоҳи фаннӣ узри ҳайати идора интишор шуда, сипас ду маротиба дар ҳафтавор раддияи худи Аскар Ҳаким низ ба табъ расидааст.

«Вале ин ҳам кофӣ набудааст ва имрӯз ба мо аз суди ноҳияи Фирдавсӣ нусхаи даъво расид, ки дар он Аскар Ҳаким барои зарари маънавӣ пардохти ҷубронпулӣ дар ҳаҷми 150 ҳазор сомониро талаб кардааст», – иброз дошт Ҷ.Абдуллоев.

«Самак» ҳафтоври Маркази тадқиқоти журналистӣ буда, аз соли 2011 нашр мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.