«Занги камолот» дар макотиби таҳсилоти умумӣ

Имрӯз дар макотиби таҳсилоти умумии Тоҷикистон барои 109 ҳазору 527 нафар нафар толибилмон занги охир садо дод. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ хабар доданд, тасмими маҳз ҳамин рӯз баргузор кардани маросими «Занги камолот» барои пурра ба анҷом расонидани барномаи 34-ҳафтаинаи мактабӣ пеш гирифта шуд. Маросими мазкур муддати як соат идома […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар макотиби таҳсилоти умумии Тоҷикистон барои 109 ҳазору 527 нафар нафар толибилмон занги охир садо дод.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ хабар доданд, тасмими маҳз ҳамин рӯз баргузор кардани маросими «Занги камолот» барои пурра ба анҷом расонидани барномаи 34-ҳафтаинаи мактабӣ пеш гирифта шуд.

Маросими мазкур муддати як соат идома ёфта, сипас хонандагон тибқи нақшаи таълим ба дарсҳо сафарбар шуданд. Дар маросими ботантана хатмкунандагонро намояндагони Вазорати маориф, роҳбарони шӯъбаҳои маорифи шаҳриву ноҳиявӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, омӯзгорон ва волидайни толибилмон табрик намуданд.

Соли равон Вазорати маорифи ҷумҳурӣ бо назардошти сард омадани зимистони имсола таътили тирамоҳӣ ва баҳории толибилмони макотиби таҳсилоти умумиро бекор карда, аз ин ҳисоб таътили зимистонаро ба муддати 1 моҳ муқаррар намуд. Муддати ду сол аст, ки аз ин таҷриба кор гирифта мешавад.

Вазорати маориф ин амалро ба беҳбуди шароити баргузори чорабиниҳои гуногун, аз қабили баргузор кардани давраҳои омӯзишии такмили ихтисоси омӯзгорон, инчунин олимпиадаҳо барои толибилмон рабт медиҳад, то ки омӯзгорону хонандагон аз ҷараёни таълим барканор нагарданд.

Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз соли 2007 мувофиқи фармоиши президенти Тоҷикистон, бо мақсади сарфаи хароҷот аз ҷониби волидайн ва таъмини амнияти хатмкунандагон, баргузории чорабиниҳои мактабӣ бахшида ба «Занги охирин» ва «Иди алифбо» ва ҳамчунин доир сохтани сайругашти хатмкунандагон бо мошинҳо дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо ва мавзеъҳои истироҳатӣ мамнӯъ эълон гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.