Ҳосилнокии зироати ғалладона қариб 30% афзуд


Дар зарфи камтар аз як моҳ кишоварзони тоҷик аз 43,4 ҳазор гектар ҳудуди 120 ҳазор тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ намуданд.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, имсол ҳосилнокии зироати ғалладона афзуда, агар дар ҳамин давраи соли гузашта ҳосилнокӣ 27,5 сентнер аз як гектарро ташкил дода бошад, пас соли равон он ба ҳисоби миёна ба 35,7 сентнер аз як гектар баробар шудааст.

«Аз ҳаҷми умумии ҳосили ҷамъоваришуда 108 ҳазор тоннааш ба вилояти Хатлон ва боқимонда ба вилояти Суғду навоҳии тобеи марказ рост меояд. Ғайр аз ин, дар ин маълумот ҳосили ҷамъоваришудаи зироати ғалладона аз ҷониби аҳолӣ зикр нашудааст, ки то 30%-ро ташкил дода метавонад», – гуфтанд дар вазорат.

Зимнан зикр гардид, ки соли ҷорӣ зироати ғалладона дар Тоҷикистон дар майдони умумии 292,6 ҳазор гектар кишт шудааст. Кишоварзони тоҷик соли гузашта дар ҳаҷми умумии 1 млн. 200 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона ба даст оварданд. Соли 2012 ҳосили гандум дар Тоҷикистон 801,2 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 ба миқдори 74,3 ҳазор тонна камтар буд.

Соли 2009 дар Тоҷикистон 938,4 ҳазор тонна ҳосили гандум ҷамъоварӣ гардид, ки ҳосили баландтарини ин навъи зироат дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёфт.

Қобили зикр аст, ки талаботи солонаи Тоҷикистон ба гандум 1,5 млн. тоннаро ташкил дода, ҳудуди 70%-и он аз Қазоқистон ворид карда мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное