Дар масҷиди ҷомеи Суғд сохтмони манораи дуюм шурӯъ шуд

Date:


Хуҷанд. 27-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар қаламрави масҷиди ҷомеи Шайх Муслиҳиддини вилояти Суғд сохтмони манораи дуюм шурӯъ гардид. Мудири мадрасаи исломӣ Ҳоҷӣ Орифҷон Байзоев дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ҳамчунин дар як вақт сохтмони бинои нави мадраса низ оғоз мегардад.




Бино ба иттилои манбаъ, сохтмони манораро, ки баландиаш


21 метр

аст, ширкати «Барс» ба ӯҳда гирифтааст. Бунёди мадраса аз ҳисоби маблағҳои хайрия ва дастгирии раиси вилоят Қоҳир Расулзода сурат хоҳад гирифт. Бинои мадраса ба ду қисм – занона ва мардона тақсим гардида, дар он дар як вақт беш аз 120 нафар толибилмон таҳсил хоҳанд кард. Айни замон дар мадраса 70 духтар ва 65 писар таҳсил мекунанд.




           

«Сохтмони манора ва мадраса охири соли 2009 ба анҷом хоҳад расид ва дар ин кор шитоб кардан лозим нест, зеро чунин иншоот аҳамияти таърихӣ доранд», – афзуд О.Байзоев.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...