Имшаб, соати 00.30 -и вақти Маскав, яъне шаби 25 ба 26-уми июнь тайёраи ВҲФ Русия боз 128 нафар шаҳрвандони Русия, давлатҳои ИДМ, аз ҷумла 2 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Сурия ба Маскав расонд.
Тавре намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, кормандони масъули сафорат, ки шоми дирӯз дар асоси дастури сафири Абдулмаҷид Достиев ҷиҳати истиқболи боз 2 шаҳрванди Тоҷикистон, ки тавассути ҳавопаймои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия аз Сурия ба Маскав хоханд омад, ба фурудгоҳи байналмилалии Домодедово рафта буданд, шаҳрвандони мо- Саадун Елена Николаевна, соли таваллудаш 02.05.1975 ва духтари ӯ Саадун Ханса, соли таваллудаш 01.11.1993 ро истиқбол намуданд. Маълум шуд, ки онҳо сокинони шаҳри Хуҷанд мебошанд. Ҳанӯз солиёни пеш Елена Титанова ва шаҳрванди Сурия Халид Саадун, ки дар яке аз макотиби олии ш. Хуҷанд таҳсил мекард, бо ҳам издивоҷ намуда, соҳиби духтар шуда буданд. Муддате дар Хуҷанд иқомат доштанд, аммо баъдан ба Сурия кӯчиданд. То ба имрӯз доимӣ дар Димишқ иқомат доштанд ва бо Хуҷанд рафтуомад доштанд. Ахиран, сарвари хонавода бо нияти амни зану фарзандаш онҳоро ба Ватани аҷдодияшон фиристодааст.
Феълан бо мусоидати сафорати Тоҷикистон дар Русия, ба ин шаҳрвандон кӯмаку дастгирӣ ироа гардида, ҳуҷҷатҳои эшон ба тартиб оварда шуданд. Интизор меравад, ки онхо имрӯз бегоҳ бо хатсайри Маскав-Хуҷанд ба Ватан баргарданд. Феълан дар фурудгоҳи Домодедово корманди сафоратро ҳамчунин бародари Елена- Владимир, ки низ зодаи Тоҷикистон асту дар Санкт-Петербург иқомат дорад, ҳамроҳӣ дорад. Онҳо ба сафорат арзи миннатдории зиёд баён медоранд.
Ёдовар мешавем, ки аз ин пештар ҳавопаймои ВҲФ Русия дар қатори дигар шаҳрвандон хонаводаи Тӯйчӣ Раҳимовҳои тоҷикистониро иборат аз 6 нафар то ба Маскав расонда буд, ки аз инҷо баъдан сафорат ва намояндагии Хадамоти муҳоҷирати кишварамон дар Русия бо мусоидати Созмони байналмилалии муҳоҷират ба Ватан интиқол дода буд. Меҳмонхонаи Тоҷикистон дар Маскава низ дар ин иқдоми башардӯстона тариқи ройгон ҷой кардани ин хонавода давоми як ҳафта ширкат намуда буд. Дар гузашта низ Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия дар як саф бо атбои Русия ва кишварҳои дигар, шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Яман, Миср ва Либия низ ба манотиқи амн интиқол дода буд.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия бори дигар барои интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба мақомоти давлатии Русия, бахусус Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи ин кишвар барои ин амали башардӯстона сидқан изҳори сипос менамояд.


