Барқарории вохӯриҳои рӯҳониёни тоҷик бо маҳкумшудагон



Намояндагони Шӯрои уламо ва Кумитаи умури дини назди ҳукумати Тоҷикистон ба боздид аз муассисаҳои ислоҳии ҷумҳурӣ оғоз карданд.

Тавре ба islamnews.tj аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорат адлияи ҶТ хабар доданд, онҳо имрӯз ба муассисаи низоми умумии шаҳри Ёвон ташриф оварданд.

«Вохӯриҳо дар доираи чорабиниҳои Сарраёсати иҷрои ҷазо сурат гирифта, ҳадафи аслии он баргузор намудани корҳои тарбиявӣ бо маҳбусон аст ва ин анъана тайи се соли ахир идома дошта, аз он маҳбусон ҳам хушнуданд», – гуфтанд дар Сарраёсати мазкур.

 Ба иттилои манбаъ, ҳадафи вохӯриҳо ҳамчунин дар шарҳи моҳияти аслии мақсадҳои созмонҳое чун «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Салафия», «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ва ғайра ифода меёбанд, ки ба ақидаи Ислом созгор нестанд.

Бино ба маълумоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорат адлияи ҶТ, феълан дар Тоҷикистон 18 муассиаи ислоҳӣ амал мекунад, ки 5-тоаш тавқифгоҳи муваққатӣ, 8-тоаш муассисаҳои ислоҳии низоми гуногун, як муассисаи ислоҳии тарбиявӣ барои ноболиғон, як зиндон ва 3 муассисаи ислоҳии сукунат мебошанд. Дар як сол ба ҳисоби миёна 2 ҳазор нафар ба маҳбасҳо маҳкум мешаванд. Бо назардошти афроди таҳти тафтиш қарордошта, судшавандагон ва маҳкумшудагон, айни замон дар муассисаҳои ислоҳӣ ҳудуди 8 ҳазор нафар ҳузур доранд.

spot_imgspot_img

Популярное