СИҶҶ: Хоҳари Ғаффор Мирзоев бояд реҷаи дидорро риоя кунад

Оиша Мирзоева, хоҳари собиқ директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Ғаффор Мирзоев, ба фиристодани тӯшаи озуқа ба бародари худ ҳуқуқи қонунӣ дорад. Тибқи реҷаи махсус ин ҳуқуқро ӯ 6-уми апрел истифода бурда метавонад. Ба қавли муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Ҷумъахон Футуров, маҳкумшудгон ба ҳабси абад ба гирифтани ду […]

Меҳрангез Турсунзода



Оиша Мирзоева, хоҳари собиқ директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Ғаффор Мирзоев, ба фиристодани тӯшаи озуқа ба бародари худ ҳуқуқи қонунӣ дорад. Тибқи реҷаи махсус ин ҳуқуқро ӯ 6-уми апрел истифода бурда метавонад.

Ба қавли муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Ҷумъахон Футуров, маҳкумшудгон ба ҳабси абад ба гирифтани ду тӯшаи озуқа ва як дидори кӯтоҳмуддат (то 4 соат) дар як сол ҳуқуқ доранд.

«Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта О.Мирзоева ба муассиса омада, дар даромадгоҳ бо сардори муассиса И.Шарифов вохӯрд ва сардор ба ӯ гуфт, ки агар мувофиқи реҷа вақт расида бошад, ӯ бемалол метавонад ба бародараш тӯша фиристад», – гуфт Футуров ва илова намуд, ки он вақт тӯшаи ӯ қабул нашуд, зеро тибқи қонун, ин муҳлат рӯзи 6-уми апрел фаро мерасад.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл Оиша Мирзоева ба ВАО шикоят кард, ки муддати чанд рӯз аст, ки ӯ ба дидори бародараш расида наметавонад ва ҳангоме ки ӯ бо ин масъала ба сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ Иззатулло Шарифов муроҷиат намудааст, ӯ ба сараш доду фарёд бардошта, супориш додааст, ки дигар ӯро ба инҷо роҳ надиҳанд.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.