БҶ: Тоҷикистонро ҳалли мушкили таъминот бо энергия зарур аст

Зимни вохӯрӣ бо журналистон сариқтисодчӣ ва сарноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба масоили иқтисод ва рушд Каушик Басу изҳор намуд, ки Тоҷикистонро ҳалли мушкили таъминот бо энергия зарур аст, зеро ҳама гуна барнома, аз қабили энергетикӣ ё дигар ба ҳалли мушкилоти масалан марбут ба барномаҳои ҳифзи табиат ва ғайра пайваста аст. Басу зикр кард, ки […]

Заррина Эргашева


Зимни вохӯрӣ бо журналистон сариқтисодчӣ ва сарноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба масоили иқтисод ва рушд Каушик Басу изҳор намуд, ки Тоҷикистонро ҳалли мушкили таъминот бо энергия зарур аст, зеро ҳама гуна барнома, аз қабили энергетикӣ ё дигар ба ҳалли мушкилоти масалан марбут ба барномаҳои ҳифзи табиат ва ғайра пайваста аст.

Басу зикр кард, ки аз масоили марбут ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба хубӣ огаҳ нест, вале ин масъала ва лоиҳаҳои дигар ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон алоқаманданд.

Дар идомаи масъалаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун мудири минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Осиёи Марказӣ ҷаноби Сароҷ Кумар изҳор намуд, ки айни замон дар БҶ нисбати масъалаи нерӯгоҳи мазкур андешаи мушаххасе ҳосил нашудааст, зеро корҳои арзёбии лоиҳа идома доранд.

«Дар ҷараёни арзёбӣ хароҷот ва даромади марбут ба лоиҳа мавриди омӯзиш қарор дода шуда, арзёбии лоиҳа бар асоси шаффофият сурат хоҳад гирифт, то ки тамоми кишварҳои ҳавзаи рӯдхонаи Амударё ба натиҷа ва баходиҳии он дастрасӣ дошта бошанд», – иброз дошт вай.

Каушик Басу дастовардҳои Тоҷикистон дар масъалаи коҳиши сатҳи камбизоатиро назаррас эътироф намуда, онро ба афзоиши интиқоли маблағҳои пулӣ нисбат дод. «Аммо вобастагӣ ба интиқоли маблағҳои пулӣ набояд зиёд бошад, зеро зимни коҳиши он дар Ҳиндустон сатҳи камбизоатӣ дар ин кишвар боло рафт ва Тоҷикистон бояд бештар ба масъалаи сармоягузорӣ ба зербино, рушди корхонаҳо ва такмили техникаву таҷҳизоти истеҳсолотӣ таваҷҷуҳ зоҳир созад», – зикр кард ӯ.

Сариқтисодчии БҶ ба он ишора кард, ки барои Тоҷикистон ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ беҳбуди дастрасии аҳолӣ ба маълумоти хушсифат, тандурустӣ, амнияти ғизоӣ ва ҳамчунин ҳалли мушкили таъминот бо энергия дар фасли зимистон масоили афзалиятнок боқӣ мемонанд.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон сол то сол коҳиш меёбад. Соли 2008 ин нишондиҳанда – 50%, соли 2009 – 46,7%, соли 2010 – 45%, соли 2011 – 41% ва соли 2012 – 38,3%-ро ташкил дод. Дар назар аст, ки соли 2015 сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон то 31,5% поин меравад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.