Шабдолов: Зудбоварии тоҷикон таҳдиди пайдоиши ҷанги нав аст

Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили парлумон Шодӣ Шабдолов бар ин назар аст, ки то замони бештар зирактар шудани тоҷикон, эҳтимоли рух додани ҷанги нави шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ вуҷуд хоҳад дошт. «Ҷанги гузаштаи бародаркуширо ба мо аз хориҷи кишвар таҳмил доданд ва ба ин на демократҳову на исломгароён ва ё дигар нерӯҳои дохилӣ гунаҳкор нестанд», – […]

Пайрав Чоршанбиев


Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили парлумон Шодӣ Шабдолов бар ин назар аст, ки то замони бештар зирактар шудани тоҷикон, эҳтимоли рух додани ҷанги нави шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ вуҷуд хоҳад дошт.

«Ҷанги гузаштаи бародаркуширо ба мо аз хориҷи кишвар таҳмил доданд ва ба ин на демократҳову на исломгароён ва ё дигар нерӯҳои дохилӣ гунаҳкор нестанд», – иброз дошт Шабдолов зимни вохӯрии навбатӣ дар Фонди ҷамъиятии «Муколамаи тамаддунҳо» бахшида ба низоъи тоҷикон дар солҳои 90-уми асри гузашта.

Шабдолов мутмаин аст, ки «то замони аз зудбоварии аз ҳад зиёд халос шудани тоҷикон, ба Тоҷикистон хатари сар задани ҷанги нав таҳдид хоҳад кард».

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили парлумон низ ба андешаи Шабдолов дар мавриди таҳмилӣ будани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳамфикрӣ изҳор намуда, зикр кард, ки айби тоҷикон танҳо дар он аст, ки он замон сатҳи худогоҳии донишҷӯён ва намояндагони зиёиёни ҷумҳурӣ аз ҳамтоёни кишварҳои ҳамҷавори худ хеле болотар буд.

Ба қавли вай, он замон сатҳи худогоҳии ҷавонони фаъол ва зиёиёни мо дар сатҳи кишварҳои назди Балтик қарор дошта, рӯзномаҳои «Растохез» ва «Адолат» дар яке аз шаҳрҳои ин минтақа – Вилнюс ба табъ мерасиданд, зеро дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ин ҳафтаномаҳоро ба чоп намерасониданд ва қабулу дарки истиқлолият дар ин кишварҳо дар он сатҳ қарор надошт.

«Дар Осиёи Марказӣ мо он солҳо ҳамфикрон пайдо карда наметавонистем ва чун бародарбузургони мо ба соҳибистиқлолӣ майл доштани бародари хурдиро эҳсос карданд, тасмим гирифтанд, ки кӯдаки саркашро ҳанӯз дар гаҳворааш буғӣ хоҳанд кард ва ин ба онҳо муяссар шуда, гузашта аз ин, хеле оқилона анҷом пазируфт, яъне бо дастони худи кӯдак», – мутмаинона иброз дошт М.Кабирӣ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.