Тасдиқи Нақшаи миллии амал дар бахши ҳуқуқи инсон

Дар Тоҷикистон Нақшаи миллӣ оид ба амалисозии тавсияҳои кишварҳои узви Шӯрои СММ дар робита ба Гузориши универсалии марҳилавии ҶТ оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2015 тасдиқ шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дафтар оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар ҶТ хабар доданд, санади мазкур бо фармоиши президенти ҶТ аз 3 апрели соли […]

ASIA-Plus


Дар Тоҷикистон Нақшаи миллӣ оид ба амалисозии тавсияҳои кишварҳои узви Шӯрои СММ дар робита ба Гузориши универсалии марҳилавии ҶТ оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2015 тасдиқ шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дафтар оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар ҶТ хабар доданд, санади мазкур бо фармоиши президенти ҶТ аз 3 апрели соли 2013 ба тасвиб расидааст.

Нақшаи миллии нахустини кишвар дар ин самт ба таҳкими низоми миллии дифоъ ва пешбурди ҳуқуқи инсон тавассути чорабиниҳои махсус ва таваҷҷуҳ ба беҳбуди қонунгузорӣ ва таҷрибаи амалии он нигаронида шудааст.

«Тавсияҳои санади мазкур натанҳо ба таъмини риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии шаҳрвандон, балки ҳамчунин ба рушди кишвари мо аз лиҳози иҷтимоиву иқтисодӣ бо шумули тадбирҳо ҷиҳати аз байн бурдани камбизоатӣ равона гардидаанд», – мутмаин аст директори ТҶ «Дафтар оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар ҶТ Наргис Зокирова.

Тибқи Нақшаи миллии амал дар бахши ҳуқуқи инсон, муддати се соли минбаъд Тоҷикистонро зарур аст, ки рӯйи 106 тавсияҳои аллакай қабулшуда кор кунад (5-тои онро Тоҷикистон аллакай амалӣ намуд).

Ин тавсияҳо аз андешидани чораҳои зарурӣ оид ба таъмини озодии матбуот, қабули тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, такмили низоми гирдоварӣ ва таҳлили маълумоти оморӣ дар бораи муҳоҷирати корӣ ва таҳияи стратегияи миллӣ дар бахши муҳоҷират, кафолати озодии мазҳаб, таҳияву коркарди механизми мустақили баррасии шикояти афроди маҳкумшуда, минбаъд андешидани тадбирҳо баҳри беҳбуди имконоти муассисаҳои ислоҳӣ, таҳкими чорабиниҳои мубориза бо шиканҷа ва ғайра иборатанд.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.