ДДА ба идомаи таҳсили донишҷӯёни тоҷик иҷоза надод

Донишгоҳи давлатии Астрахани Русия дар бораи рад кардани дархост дар бораи иҷозаи идомаи таҳсили чор нафар донишҷӯёни тоҷик, ки қаблан барои нақзи тартибот аз донишгоҳ хориҷ шуда буданд, ба Вазорати маорифи Тоҷикистон нома ирсол намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» худи донишҷӯён аз шаҳри Астрахан хабар доданд, онҳо хеле умедворӣ доштанд, ки қазия ба некӣ анҷом […]

Маҳпора Киромова


Донишгоҳи давлатии Астрахани Русия дар бораи рад кардани дархост дар бораи иҷозаи идомаи таҳсили чор нафар донишҷӯёни тоҷик, ки қаблан барои нақзи тартибот аз донишгоҳ хориҷ шуда буданд, ба Вазорати маорифи Тоҷикистон нома ирсол намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» худи донишҷӯён аз шаҳри Астрахан хабар доданд, онҳо хеле умедворӣ доштанд, ки қазия ба некӣ анҷом мепазирад, вале донишгоҳ мактубҳои сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия ва Вазорати маорифи Тоҷикистонро ба инобат нагирифтааст.

Сардори Раёсати муносибатҳои байнулмилалии Вазорати маорифи ҶТ Абдусаттор Одинаев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита зикр кард, ки вазир Нуриддин Саидов то ҳанӯз ба мактуби худ дар ин бора ба унвони ректори донишгоҳи Астрахан посух нагирифта, дар вазорат ба дастрасии посухи мусбат умедворанд, зеро ду тан аз донишҷӯёни хориҷшуда имсол бояд донишгоҳро хатм мекарданд.

«Агар худи донишҷӯён дар бораи ирсоли мактуб бо посухи манфӣ ба вазорат хабар дода бошанд, пас барои ин асос ва сабабҳои ҷиддӣ мавҷуд будаанд ва ба ҳар ҳол, ман гумон дорам, ки донишҷӯён тартиботи дохилӣ ё муқаррароти донишгоҳро риоя накардаанд», – иброз дошт вай.

Номбурда афзуд, дар сурати ба вазорат ворид шудани посухи манфӣ аз Донишгоҳи давлатии Астрахан, онҳо ба иҷрои дархости худ исрор нахоҳанд варзид, зеро вазорат ба дахолати кардан ба қарори мактаби олии Астрахан ҳуқуқи маънавӣ надорад.

Одинаев ҳамчунин изҳор кард, ки ин ҳодисаи нахустини хориҷ шудани донишҷӯёни тоҷик аз макотиби олии кишварҳои хориҷӣ бо гуноҳи худашон набуда, соли равон ба вазорат аз макотиби олии Қазоқистон 6 адад чунин огоҳинома дар бораи хориҷ гардидани донишҷӯёни тоҷик расидааст, ки дар бештари маврид ин ҳодиса бо гуноҳи бевоситаи худи онҳо сурат гирифтааст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 24-уми марти соли равон дар майдони варзишии донишгоҳи Астрахан миёни донишҷӯёни тоҷик ва туркман муноқиша рух дода, шоми ҳамон рӯз ҷонибҳо ба созиш расида бошанд ҳам, рӯзи дигар дар бораи аз донишгоҳ хориҷ шудани чор нафар донишҷӯёни тоҷик ва чор нафар донишҷӯёни туркман бидуни ҳуқуқи барқарор кардан фармони маъмурият содир шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.