Оғози мурофиаи иштирокчиёни эҳтимолии рӯйдодҳои Хоруғ

Имрӯз дар Суди олии Тоҷикистон мурофиаи додгоҳӣ нисбати Димон Ашӯров ва Шерик Карамхудоев оғоз мегардад, ки ба иштирок дар рӯйдодҳои тобистони соли гузаштаи Хоруғ ва содир намудани дигар ҷиноятҳо муттаҳам карда мешаванд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Суди олии ҶТ хабар доданд, мурофиа пушти дарҳои пӯшида сурат хоҳад гирифт, зеро ба парвандаи ҷиноии мазкур мӯҳри […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар Суди олии Тоҷикистон мурофиаи додгоҳӣ нисбати Димон Ашӯров ва Шерик Карамхудоев оғоз мегардад, ки ба иштирок дар рӯйдодҳои тобистони соли гузаштаи Хоруғ ва содир намудани дигар ҷиноятҳо муттаҳам карда мешаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Суди олии ҶТ хабар доданд, мурофиа пушти дарҳои пӯшида сурат хоҳад гирифт, зеро ба парвандаи ҷиноии мазкур мӯҳри «махфӣ» гузошта шудааст. Мурофи таҳти раёсати судя Нуриддин Расулов доир мегардад.

Ба гуфтаи Зебо Қосимова, адвокати раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Шерик Карамхудоев, зерҳимояи ӯ дар нигоҳдории ғайриқонунии аслиҳа, созмон додани гурӯҳи ҷиноятпеша, ташкили бетартибиҳои оммавӣ ва истифода зӯроварӣ нисбати намояндаи ҳокимият гунаҳкор карда мешавад.

Судшавандаи дигар – Димон Ашӯровро адвокат Шуҳрат Қудратов ҳимоят карда, ӯ дар қаллобӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо, , созмон додани гурӯҳи ҷиноятпеша, ташкили бетартибиҳои оммавӣ, истифода зӯроварӣ нисбати намояндаи ҳокимият ва фирор аз таҳти ҳабс қарор доштан айбдор мегардад.

Бино ба маълумоти Прокуратураи генералии ҶТ, тафтишот бар ин назар аст, ки ҳарду айбдоршавандагон ба муқовимати мусаллаҳона алайҳи нерӯҳои ҳукумати ҳангоми рӯйдодҳои тобистони соли гузашта дар шаҳри Хоруғ даст доранд. Парвандаи ҷиноии мазкур аз 8 ҷилд иборат аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.