Манъи фаъолияти муҳоҷирон дар Сочи аз соли 2014

Дар вохӯрии кормандони Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия бо сардори Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар шаҳри Сочи Э.Биҷаков зикр гардид, ки дар робита ба баргузории Бозиҳои олимпии зимистона, аз 1-уми январи соли 2014 фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ дар Сочи манъ гардида, иҷозатномаи кор танҳо то ахири соли 2013 дода мешавад. Бино ба […]

ASIA-Plus


Дар вохӯрии кормандони Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия бо сардори Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар шаҳри Сочи Э.Биҷаков зикр гардид, ки дар робита ба баргузории Бозиҳои олимпии зимистона, аз 1-уми январи соли 2014 фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ дар Сочи манъ гардида, иҷозатномаи кор танҳо то ахири соли 2013 дода мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Намояндагии ХМ ҶТ дар Русия, дар мавриди шарҳи навовариҳо дар қонунгузории муҳоҷирати Русия Биҷаков изҳор намудааст, ки аз 1-уми январи соли 2013  дар қонунгузорӣ гирифтани нақши кафи даст ва ангуштони шаҳрвандони хориҷие, ки бидуни раводид ба Русия меоянду иҷозатномаи кор дастрас мекунанд, ҷорӣ шудааст.

Ӯ ҳамчунин иброз доштааст, ки аз 30 декабри соли 2012 ба шаҳрвандони хориҷии бидуни қайд муддати 30 рӯз дар Русия қарордошта вуруд ба Русия манъ гардида, ҷиҳати номатлуб будани убури марзи Русияву Абхозистон аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон ибрози назар шудааст.

Дар навбати худ, корманди намояндагии ХМ ҶТ дар Русия Нусратулло Исматов зикр намудааст, ки намояндагӣ баҳри риояи тамоми меъёрҳои қонунгузории ҳузур ва фаъолияти меҳнатӣ дар Русия аз ҷониби муҳоҷирони кории тоҷик тамоми чораҳоро меандешад.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба баҳри таъмини шароитҳои мусоид барои фаъолияти муҳоҷирони кории тоҷик ва пешгирии қонуншиканиҳо дар ин самт изҳори омодагӣ намудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.