Пазироии намояндагони ХБА дар «Амонатбонк»

Чанде қабл вохӯрии раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор баргузор шуд. Дар ин вохӯрӣ  муовини раиси Раёсат Сироҷиддин Икромов ва сардори идораи Муносибатҳои Байналхалқӣ  Икром Раҳимов иштирок доштанд. Тавре аз маркази матбуоти бонки мазкур хабар доданд, зимни ин вохӯрӣ натиҷаҳои ҷамъбасти соли 2012 дар БДА ҶТ «Амонатбонк» баррасӣ шуд […]

ASIA-Plus


Чанде қабл вохӯрии раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор баргузор шуд. Дар ин вохӯрӣ  муовини раиси Раёсат Сироҷиддин Икромов ва сардори идораи Муносибатҳои Байналхалқӣ  Икром Раҳимов иштирок доштанд.

Тавре аз маркази матбуоти бонки мазкур хабар доданд, зимни ин вохӯрӣ натиҷаҳои ҷамъбасти соли 2012 дар БДА ҶТ «Амонатбонк» баррасӣ шуд ва ҳамчунин меҳмонон перомуни масъалаҳои рушди соҳа ва роҳҳои бартараф кардани мушкилоти ҷойдошта дар соли 2013 ибрози ақида намуданд. Дар давоми вохӯрӣ масъалаи  вазъи иқтисодии минтақа ва таъсири он ба иқтисодиёту молия  мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар доираи муҳокимаи барномаи Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои иҷроиши нишондиҳандаҳои назоратӣ оид ба макроиқтисодиёт ва сиёсати молиявӣ  баррасӣ шуданд. Масъалҳои дигаре, ки мавриди муҳокимаи тарафҳо қарор гирифт, ин сиёсати молия ва андоз, мушкилии Бонкҳои ҷумҳурӣ ва роҳҳои ҳалли он буд. Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо аз ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.