Барқарории вохӯриҳои рӯҳониёни тоҷик бо маҳкумшудагон

Намояндагони Шӯрои уламо ва Кумитаи умури дини назди ҳукумати Тоҷикистон ба боздид аз муассисаҳои ислоҳии ҷумҳурӣ оғоз карданд. Тавре ба islamnews.tj аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорат адлияи ҶТ хабар доданд, онҳо имрӯз ба муассисаи низоми умумии шаҳри Ёвон ташриф оварданд. «Вохӯриҳо дар доираи чорабиниҳои Сарраёсати иҷрои ҷазо сурат гирифта, ҳадафи аслии он баргузор намудани […]

ASIA-Plus



Намояндагони Шӯрои уламо ва Кумитаи умури дини назди ҳукумати Тоҷикистон ба боздид аз муассисаҳои ислоҳии ҷумҳурӣ оғоз карданд.

Тавре ба islamnews.tj аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорат адлияи ҶТ хабар доданд, онҳо имрӯз ба муассисаи низоми умумии шаҳри Ёвон ташриф оварданд.

«Вохӯриҳо дар доираи чорабиниҳои Сарраёсати иҷрои ҷазо сурат гирифта, ҳадафи аслии он баргузор намудани корҳои тарбиявӣ бо маҳбусон аст ва ин анъана тайи се соли ахир идома дошта, аз он маҳбусон ҳам хушнуданд», – гуфтанд дар Сарраёсати мазкур.

 Ба иттилои манбаъ, ҳадафи вохӯриҳо ҳамчунин дар шарҳи моҳияти аслии мақсадҳои созмонҳое чун «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Салафия», «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ва ғайра ифода меёбанд, ки ба ақидаи Ислом созгор нестанд.

Бино ба маълумоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорат адлияи ҶТ, феълан дар Тоҷикистон 18 муассиаи ислоҳӣ амал мекунад, ки 5-тоаш тавқифгоҳи муваққатӣ, 8-тоаш муассисаҳои ислоҳии низоми гуногун, як муассисаи ислоҳии тарбиявӣ барои ноболиғон, як зиндон ва 3 муассисаи ислоҳии сукунат мебошанд. Дар як сол ба ҳисоби миёна 2 ҳазор нафар ба маҳбасҳо маҳкум мешаванд. Бо назардошти афроди таҳти тафтиш қарордошта, судшавандагон ва маҳкумшудагон, айни замон дар муассисаҳои ислоҳӣ ҳудуди 8 ҳазор нафар ҳузур доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.