Барқияи табрикотии Э.Раҳмон ба Амири Давлати Қатар

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим Ибни Ҳамад Оли Сонӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия аз ҷумла зикр мегардад, ки «боиси хушнудист, ки Шуморо ба муносибати ба даст гирифтани зимоми умур ба ҳайси Амири Давлати Қатар сидқан табрику таҳният гӯям ва бароятон дар […]

ASIA-Plus


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим Ибни Ҳамад Оли Сонӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия аз ҷумла зикр мегардад, ки «боиси хушнудист, ки Шуморо ба муносибати ба даст гирифтани зимоми умур ба ҳайси Амири Давлати Қатар сидқан табрику таҳният гӯям ва бароятон дар сарварии кишвари ба мо дӯст дар марҳилаи навини рушду шукуфоӣ комёбӣ орзу намоям».

«Бо истифода аз ин фурсати фархунда изҳори боварӣ мекунам, ки муносибатҳои ҳамкории мутақобилан судманд минбаъд низ бо талошҳои пайгирона ба манфиати ду кишвар густариш хоҳанд ёфт», – гуфта мешавад дар барқия.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.