ҶСК «Ориёнбонк» пешниҳоди ширкати «Мовароуннаҳр» дар мавриди зиёд шудани ҳаҷми қарзро баррасӣ намуда, дар муддати як моҳи тибқи қонун муқарраршуда ба номаи онҳо посух медиҳад.
Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» ҳуқуқшиноси бонк Назирбек Назиров хабар дода, илова кард, ки ҷузъиёти масъалаи мазкурро шарҳ дода наметавонад, зеро ин баҳси ду субъекти хоҷагидор аст.
Дар навбати худ, иҷрокунандаи вазифаи мудири кулли ҶДММ «Мовароуннаҳр» Тӯрабек Охунов дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» зикр кард, ки онҳо ба интизор шудани посухи банк ба номаашон дар муддати як моҳ омодаанд.
«Вале агар баҳси мазкур ба манфиати ширкат анҷом наёбад, яъне маблағи қарз то 2 млн. 400 ҳазор сомонӣ кам нагардад, ки маблағи қарзии воқеъии ширкат дар назди бонк аст, мутаносибан мо ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе муроҷиат карда, ин вазъи ногуворрро мутобиқи талаботи қонун ҳаллу фасл мекунем», – гуфт Охунов.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл намояндаи ваколатдори саҳҳомони ҶДММ «Мовароуннаҳр» Бузургмеҳр Ёров изҳор намуда буд, ки агар ҶСК «Ориёнбонк» ба пардохти қарзи чанде қабл зиёдшуда дар ҳаҷми 4 млн. 990 ҳазор сомонӣ исрор варзад, ширкати «Мовароуннаҳр»
ба суд муроҷиат мекунад.


