«Ориёнбонк ба номаи «Мовароуннаҳр дар муддати як моҳ посух медиҳад

ҶСК «Ориёнбонк» пешниҳоди ширкати «Мовароуннаҳр» дар мавриди зиёд шудани ҳаҷми қарзро баррасӣ намуда, дар муддати як моҳи тибқи қонун муқарраршуда ба номаи онҳо посух медиҳад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» ҳуқуқшиноси бонк Назирбек Назиров хабар дода, илова кард, ки ҷузъиёти масъалаи мазкурро шарҳ дода наметавонад, зеро ин баҳси ду субъекти хоҷагидор аст. Дар навбати […]

Маҳпора Киромова


ҶСК «Ориёнбонк» пешниҳоди ширкати «Мовароуннаҳр» дар мавриди зиёд шудани ҳаҷми қарзро баррасӣ намуда, дар муддати як моҳи тибқи қонун муқарраршуда ба номаи онҳо посух медиҳад.

Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» ҳуқуқшиноси бонк Назирбек Назиров хабар дода, илова кард, ки ҷузъиёти масъалаи мазкурро шарҳ дода наметавонад, зеро ин баҳси ду субъекти хоҷагидор аст.

Дар навбати худ, иҷрокунандаи вазифаи мудири кулли ҶДММ «Мовароуннаҳр» Тӯрабек Охунов дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» зикр кард, ки онҳо ба интизор шудани посухи банк ба номаашон дар муддати як моҳ омодаанд.

«Вале агар баҳси мазкур ба манфиати ширкат анҷом наёбад, яъне маблағи қарз то 2 млн. 400 ҳазор сомонӣ кам нагардад, ки маблағи қарзии воқеъии ширкат дар назди бонк аст, мутаносибан мо ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе муроҷиат карда, ин вазъи ногуворрро мутобиқи талаботи қонун ҳаллу фасл мекунем», – гуфт Охунов.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл намояндаи ваколатдори саҳҳомони ҶДММ «Мовароуннаҳр» Бузургмеҳр Ёров изҳор намуда буд, ки агар ҶСК «Ориёнбонк» ба пардохти қарзи чанде қабл зиёдшуда дар ҳаҷми 4 млн. 990 ҳазор сомонӣ исрор варзад, ширкати «Мовароуннаҳр»

ба суд муроҷиат мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт: роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.