Дар ноҳияи Бохтар аввалин «Аквапарк»-и вилояти Хатлон мавриди истифода қарор мегирад.
Чӣ тавре ки аз маркази матбуотии раиси вилояти Хатлон ба «АП» хабар доданд, дар сохтмони ин «Аквапарк», ки бо ибтикори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» сурат пазируфтааст, маблағи 1,5 миллион сомонӣ масраф гардидааст.
Ба гуфтаи манбаъ, корҳои сохтмонию васлгариро мутахассисони туркӣ ба анҷом расонидаанд ва таҳҷизоти насбшуда замонавӣ буда, ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯянд.
– Дар ин «Аквапарк» ҳавзҳо барои оббозӣ ва таҳҷизот дар се қисмат васл шудаанд. Аз ҷумла, барои кӯдакон, наврасон ва калонсолон ҳавзҳои алоҳида бо таҳҷизоти мувофиқ ба синну солашон бунёд гардидаанд, – афзуд корманди маркази матбуотӣ.
Аз ин ба баъд сокинони маркази вилояти Хатлон ва навоҳии гирду атрофи он имкон пайдо доранд, ки дар фасли гармо ба ин марказ омада, истироҳату оббозӣ кунанд.


