Э. Рахмон аз Шоҳи Арабистони Саудӣ дархост кардааст, теъдоди квотаҳо барои ҳаҷро коҳиш надиҳад

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳи Арабистони Саудӣ ҷиҳати  коҳиш надодани теъдоди квотаҳо барои зойирини тоҷик нома ирсол кардааст. Дар ин бора худи Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо рӯҳониён иброз дошт. Ёдрас мешавем, ки Арабистони Саудӣ барои зойирини тамоми кишварҳо шумори квотаҳоро ба андозаи 20% кам мекунад.  Ин тасмим баҳри он гирифта мешавад, ки зойирини […]

Азия-Плюс


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳи Арабистони Саудӣ ҷиҳати  коҳиш надодани теъдоди квотаҳо барои зойирини тоҷик нома ирсол кардааст. Дар ин бора худи Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо рӯҳониён иброз дошт.

Ёдрас мешавем, ки Арабистони Саудӣ барои зойирини тамоми кишварҳо шумори квотаҳоро ба андозаи 20% кам мекунад.  Ин тасмим баҳри он гирифта мешавад, ки зойирини макони муқаддас зимни адои маросими ҳаҷ нороҳатӣ ҳис накунанд, зеро дар шаҳрҳои Ҷиддаву Мадина корҳои васеъсозии фурудгоҳ, ду масҷид, бахусус мавзеи атрофи Каъба ва ҳамчунин роҳҳои самти водии Арафот ва Мино идома доранд.

Ҳамин тариқ, акнун, тавре интизор меравад, ҳамагӣ 4,8 ҳазор нафар тоҷикистониён метавонанд адои маросими ҳаҷ кунанд. Мактуби расмӣ ба унвони Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат ирсол шуд.

«Мо бо дархости коҳиш надодани теъдоди квотаҳо барои зойиринамон мактуби расмӣ фиристодем. Ҳамзамон бо ин, бояд гуфт, ки баъзе шахсон маросими ҳаҷро ба василаи худнамоиву зоҳирпарастӣ табдил дода, безарурат панҷ-шаш маротиба ва ҳатто зиёда аз ин ба ҳаҷ рафтаанд. Агар шахсони сарватманд ба ҷойи худнамоиву зоҳирпарастӣ ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва шахсони муҳтоҷу дармонда дасти ёрӣ дароз кунанд, савобу аҷри бештаре хоҳанд гирифт. Тавре бузургони мо фармудаанд:

Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст,

Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.

Аз ин хотир мададгори мӯҳтоҷон бошед»,- гуфт президент.  

Ёдрас мекунем, ки соли равон зиёда аз 6 ҳазор нафар тоҷикистониён бояд ба адои маросими ҳаҷ раҳсипор мешуданд. Ҳоло масъалаи коҳиш додани теъдоди квотаҳо мавриди ҳалу фасл қарор дорад. Ҳавопаймои нахустин бо зойирини тоҷик рӯзи 20-уми сентябри соли равон аз Душанбе ба Ҷидда раҳсипор мегардад. Парвозҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватании «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» анҷом дода мешаванд. Нархи ҳаҷҷи соли гузашта 17 ҳазору 127 сомонӣ (3 ҳазору 546 $)  ва имсол бошад, дар муқоиса ба соли гузашта 497 сомонӣ (103 $) фарқ дошта, 17 ҳазору 625 сомониро ташкил медиҳад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.