Дар Хатлон шифохона ва диспансери нави вилоятии бемориҳои сил ифтитоҳ шуд

Маросими ифтитоҳи шифохона ва диспансери нави вилоятии бемориҳои сил рӯзи 7-уми июл дар ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш бо иштироки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон доир гардид. Бино ба иттилои торнамои сарвари давлат, зимни шиносоӣ бо шароити ташхису табобати бемории сил зикр гардид, ки шифохона ва диспансери нави вилоятии бемории сил бо 8 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ […]

Азия-Плюс


Маросими ифтитоҳи шифохона ва диспансери нави вилоятии бемориҳои сил рӯзи 7-уми июл дар ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш бо иштироки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.

Бино ба иттилои торнамои сарвари давлат, зимни шиносоӣ бо шароити ташхису табобати бемории сил зикр гардид, ки шифохона ва диспансери нави вилоятии бемории сил бо 8 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ва кӯмаки хориҷӣ бунёд гардидаанд. Диспансери нав дорои утоқҳои муҷаҳҳази муоинаю ташхиси беморӣ, аз ҷумла, ҳуҷраҳои ташхиси ултрасадоӣ ва ренгени электронии рақамӣ буда, шифохона дорои 60 кати хоб мебошад. Дастгоҳи рентгени электронӣ, ки навтарин ва нахустин дар Тоҷикистон мебошад, ба маблағи 500 ҳазор доллари амрикоӣ харидорӣ шудааст. Ин муассисаи тиббӣ дорои утоқҳои физиотерапия, намакдармонӣ, қимиздармонӣ ва варзиши тиббӣ низ буда, ба талаботу стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардидааст.

Шифохона ҳамчунин дорои шароити осоишгоҳӣ ва шабакаи ягонаи мустақили гармидиҳӣ мебошад. Заминаи моддию техникии махсус, ҳамчунин барои дарсҳо ва табобати фосилавӣ бо шаҳри Душанбе, шифохонаи Мачитон ва муассисаҳои дигари ин соҳа дар дохил ва хориҷи кишвар муҳайё гардидааст. Шифохона хоҷагии хурди ёрирасон низ дорад, ки дар он чорво, аз ҷумла, аспу модаговҳои ҷӯшоӣ барои гирифтани шир ва қимиз парвариш меёбад. Ба раиси ноҳияи Вахш дастур дода шуд, ки барои зиёд намудани имконоти хоҷагии ёрирасони ин шифохона ба он замини иловагӣ ҷудо намоянд. Тавре таъкид гардид, яке аз давоҳои асосии бемории сил хӯроки хуби серғизо мебошад.

Дар шифохона ва диспансери нави вилоятии бемориҳои сил беш аз 80 нафар мутахассисон ба кор ҷалб шудаанд. Чунонки зикр гардид, беморхонаи пешинаи вилоятии бемории сил дар ноҳияи Бохтар қарор дошта, хеле фарсуда гардидааст. Тибқи иттилои роҳбарони соҳа, сохтмони боз як бинои иловагии табобатӣ дар назди шифохонаи нави вилоятӣ бо 100 кат ва 2 шифохонаи дигар, яке бо 60 ва дигарӣ бо 100 кат дар ноҳияи Восеъ ва шаҳри Кӯлоб идома дорад.

Дар ҳамин шифохонаи вилоятии бемории сил Эмомалӣ Раҳмон бо сардухтурони муассисаҳои тандурустии вилоятӣ, минтақавӣ ва шаҳру ноҳияҳои вилоят мулоқот анҷом дод. Сарвари давлат ҳозирин ва кулли олимону мутахассисони ин соҳаро ба муносибати ҷиддию ғамхорона бо ниёзмандон, омодасозии босифати кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла, барои кор бо дастгоҳҳои навтарини замони муосир даъват кард. Изҳор гардид, ки солҳои охир Тоҷикистон аз кишвари ба хориҷа барои табобати шаҳрвандонаш муроҷиаткунанда ба давлати қабулкунандаи беморони хориҷӣ барои ташхису табобат табдил ёфтааст. Аз ҷумла, танҳо соли гузашта беш аз 3 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ дар Тоҷикистон табобати босифат гирифтаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.