Рӯзноманигор Исмоилов аз рӯйи ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ гумонбар дониста мешавад

Фазлиддин Худойбердиев вакили мудофеи рӯзноманигор Маҳмадюсуф Исмоилов ба ОИ«Азия-Плюс» хабар дод, ки зерҳимояи ӯ аз рӯйи ду моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гумонбар дониста мешавад. Ба қавли адвокат, вай бо зерҳимояаш рӯзи  панҷшанбеи гузашта дар тавқифгоҳи тафтишотии № 2- и шаҳри Хуҷанд дидор кардааст. Исмоилов ҳанӯз 29-уми июн ба тавқифгоҳи тафтишотии мазкур интиқол ёфт ва […]

Мавлуда Рафиева


Фазлиддин Худойбердиев вакили мудофеи рӯзноманигор Маҳмадюсуф Исмоилов ба ОИ«Азия-Плюс» хабар дод, ки зерҳимояи ӯ аз рӯйи ду моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гумонбар дониста мешавад.

Ба қавли адвокат, вай бо зерҳимояаш рӯзи  панҷшанбеи гузашта дар тавқифгоҳи тафтишотии № 2- и шаҳри Хуҷанд дидор кардааст. Исмоилов ҳанӯз 29-уми июн ба тавқифгоҳи тафтишотии мазкур интиқол ёфт ва то анҷом ёфтани тафтишот дар он ҷо хоҳад буд.

Вакили мудофеъ хабар дод, ки мақомоти тафтишотӣ рӯзноманигорро  аз рӯйи ду моддаи  Кодекси ҷиноятии ҶТ: 247 қисми  2 «тақаллубкорӣ» ва 250 қисми  2 «тамаъҷӯӣ» гумонбар медонанд. Қаблан ӯ аз рӯйи қисми 1-и моддаи 250 гумонбар дониста мешуд.

Ҳамчунин, ба қавли Худойбердиев, додгоҳи вилоятӣ аризаи шикоятии вакили мудофеъ дар бораи тағйири чораҳои эҳтиётии ҷазоро рад кард ва акнун зерҳимояи ӯ дар давоми тафтишот таҳти  ҳабс нигоҳ дошта хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки тибқи иттилоъи паҳннамудаи ВКД-ии Тоҷикистон, 24-уми июн ба ШВКД дар ноҳияи Ашт сокини ҳамин ноҳия Аҳадова Санавбар муроҷиат кардааст, ки 21-уми июн дар ҳудуди шаҳраки Шайдон, шаҳрванд Исмоилов Маҳмадюсуф аз ӯ бо таҳдиди ифшои маълумоти бадномкунанда бо роҳи тамаъҷӯӣ 100-сомонӣ гирифтааст.

«Сипас, такроран рӯзи 24-уми июн  Исмоилов М., барои нашр накардани ин маълумот бо роҳи тамаъҷӯӣ 100 доллари амрикоӣ талаб кардааст»,- оварда шудааст дар сомонаи ВКД.

Ҳамчунин гуфта мешавад, Исмоилов М., зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Ашт баъди гирифтани 400-сомонӣ аз Аҳадова бод алели шайъӣ дастгир карда шуд.

Аз рӯйи ин ҳолат мутобиқи моддаи 250, қисми 1 КҶ ҶТ парванди ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки аз моҳи ноябри соли 2010 Маҳмадюсуф Исмоилов муддати 11 моҳ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳти ҳабси пешакӣ қарор гирифта буд. Ӯ дар содир кардани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 135 (Тӯҳмат), 136 (Таҳқир), 189, қ. 2 (Барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) ва 250 (Тамаъҷӯӣ) гумонбар дониста шуда буд.

Моҳи октябри ҳамон сол дар бинои тавқифгоҳи муваққатии № 2-и шаҳри Хуҷанд мурофиаи судӣ баргузор шуда, бо қарори суд журналист аз рӯйи тамоми моддаҳои дар боло зикршуда гунаҳкор дониста шуд. Суд ба ӯ дар ҳаҷми 50 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима баст, аммо бо назардошти муддати 11 моҳ дар ҳабс қарор доштани ӯ, ҳаҷми ҷарима ба миқдори 17 ҳазору 500 сомонӣ кам гардида, 33 ҳазор сомониро ташкил дода буд. Ҳамчунин ӯ аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти рӯзноманигорӣ ба муддати 3 сол маҳрум гардида, аз толори суд озод шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.