Шаҳрдорӣ: Дар моҳи шарифи Рамазон маҳсулоти ғизоӣ арзон карда шавад

spot_imgspot_img

Дата:


Таҳти роҳбарии Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор шуд, ки дар он масоили пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар моҳи шарифи Рамазон баррасӣ гашт.

Тавре котиби матбуотии раиси шаҳр Шавкат Саидов ба Хабаргузории «Азия-Плюс» иттилоъ дод, дар ҷаласа муқаррар гашт, ки нархи 12 намуди маҳсулот арзон карда мешавад: 1 кг гӯшти мурғи ЧСШК “Мурғи 

Ҳ

илол”-и ноҳияи Файзобод  – 7 сомонӣ, гӯшти гов  – 29 сомонӣ,  гӯшти гӯсфанд – 30 сомонӣ, як халта орди навъи якум (истеҳсоли Қазо

қ

истон) – то 130 сомонӣ, 1 л. равғани рустанӣ –  7,5 сомонӣ, 1 кг биринҷи ватанӣ – то 7 сомонӣ, 1 кг шакар – то 4,2 сомонӣ, 1 литр шир дар бозорҳо – то 3,5  сомонӣ ва дар дӯконҳои сайёрӣ ЧСШК “Комбинати шири Душанбе” – 4,5 сомонӣ, 1 кг сабзӣ – то 1,6 сомонӣ, 1 кг картошка – то 1,5 сомонӣ, 1 кг пиёз – то 65 дирам ва 1 дона тухм – то 50 дирам. Ба гуфтаи Саидов, арзон кардани нархҳо дар ҳамаи бозорҳои шаҳр новобаста ба шакл ва тобеияти идоравӣ ҳамчун амали хайр аз с

ӯ

йи соҳибкорон ҷонибдорӣ карда шуд.

Зимнан роҳбарони корхонаҳои воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур», «Бозори  Саховат», «Бозори Деҳкон» ва «Бозори Қарияи боло» муваззаф карда шуданд, ки дар моҳи шарифи Рамазон ба ЧСШК “Мурғи Ҳилол”-и ноҳияи Файзобод дар бозорҳо барои бо нархҳои ташаббусӣ ба фурӯш баровардани гӯшти мурғ ва тухм нуқтаҳои савдо ҷудо кунанд. Зикр гардид, ки ҷавобан ба ин иқдом ва дастгирии соҳибкорон шаҳрдорӣ омодааст, ба  тоҷирон ва соҳибкороне, ки ба воридот ва фурӯши анвои ниёзи аввал машғул ҳастанд, тибқи дархосташон аз ҳисоби буҷаи шаҳр ба мӯ

ҳ

лати 3 моҳ қарзҳои бефоиз ҷудо созад.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...