Шаҳрдорӣ: Дар моҳи шарифи Рамазон маҳсулоти ғизоӣ арзон карда шавад

Таҳти роҳбарии Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор шуд, ки дар он масоили пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар моҳи шарифи Рамазон баррасӣ гашт. Тавре котиби матбуотии раиси шаҳр Шавкат Саидов ба Хабаргузории «Азия-Плюс» иттилоъ дод, дар ҷаласа муқаррар гашт, ки нархи 12 намуди маҳсулот арзон карда мешавад: 1 кг гӯшти мурғи ЧСШК “Мурғи  […]

Азия-Плюс


Таҳти роҳбарии Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор шуд, ки дар он масоили пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар моҳи шарифи Рамазон баррасӣ гашт.

Тавре котиби матбуотии раиси шаҳр Шавкат Саидов ба Хабаргузории «Азия-Плюс» иттилоъ дод, дар ҷаласа муқаррар гашт, ки нархи 12 намуди маҳсулот арзон карда мешавад: 1 кг гӯшти мурғи ЧСШК “Мурғи 

Ҳ

илол”-и ноҳияи Файзобод  – 7 сомонӣ, гӯшти гов  – 29 сомонӣ,  гӯшти гӯсфанд – 30 сомонӣ, як халта орди навъи якум (истеҳсоли Қазо

қ

истон) – то 130 сомонӣ, 1 л. равғани рустанӣ –  7,5 сомонӣ, 1 кг биринҷи ватанӣ – то 7 сомонӣ, 1 кг шакар – то 4,2 сомонӣ, 1 литр шир дар бозорҳо – то 3,5  сомонӣ ва дар дӯконҳои сайёрӣ ЧСШК “Комбинати шири Душанбе” – 4,5 сомонӣ, 1 кг сабзӣ – то 1,6 сомонӣ, 1 кг картошка – то 1,5 сомонӣ, 1 кг пиёз – то 65 дирам ва 1 дона тухм – то 50 дирам. Ба гуфтаи Саидов, арзон кардани нархҳо дар ҳамаи бозорҳои шаҳр новобаста ба шакл ва тобеияти идоравӣ ҳамчун амали хайр аз с

ӯ

йи соҳибкорон ҷонибдорӣ карда шуд.

Зимнан роҳбарони корхонаҳои воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур», «Бозори  Саховат», «Бозори Деҳкон» ва «Бозори Қарияи боло» муваззаф карда шуданд, ки дар моҳи шарифи Рамазон ба ЧСШК “Мурғи Ҳилол”-и ноҳияи Файзобод дар бозорҳо барои бо нархҳои ташаббусӣ ба фурӯш баровардани гӯшти мурғ ва тухм нуқтаҳои савдо ҷудо кунанд. Зикр гардид, ки ҷавобан ба ин иқдом ва дастгирии соҳибкорон шаҳрдорӣ омодааст, ба  тоҷирон ва соҳибкороне, ки ба воридот ва фурӯши анвои ниёзи аввал машғул ҳастанд, тибқи дархосташон аз ҳисоби буҷаи шаҳр ба мӯ

ҳ

лати 3 моҳ қарзҳои бефоиз ҷудо созад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.