Оғози бунёди нерӯгоҳи хурди барқӣ аз ҷониби ширкати IRS

Филиали ширкати байнулмилалии Innovative Road Solutions (IRS), ки ба идоракунии зербинои роҳи мошингарди Душанбе-Чанак дар Тоҷикистон машғул аст, ба сохтмони нерӯгоҳи хурди обиву барқӣ дар ҷумҳурӣ оғоз кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ширкат, бо мақсади бо барқи доимӣ таъмин намудани иншоотҳои роҳи автомобилгарди толлингии Душанбе-Чанак, бахусус дар қитъаҳои зертобеи намояндагии минтақавии Варзоб аз буҷа […]

Пайрав Чоршанбиев


Филиали ширкати байнулмилалии Innovative Road Solutions (IRS), ки ба идоракунии зербинои роҳи мошингарди Душанбе-Чанак дар Тоҷикистон машғул аст, ба сохтмони нерӯгоҳи хурди обиву барқӣ дар ҷумҳурӣ оғоз кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ширкат, бо мақсади бо барқи доимӣ таъмин намудани иншоотҳои роҳи автомобилгарди толлингии Душанбе-Чанак, бахусус дар қитъаҳои зертобеи намояндагии минтақавии Варзоб аз буҷа барои сохтмони як нерӯгоҳи барқии обии хурд дар километри 64-уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак бо иқтидори 200 кВт 600 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо шудааст.

«Нерӯи барқе, ки дар ин истгоҳ истеҳсол хоҳад шуд, барои ба таври доимӣ бо барқ таъмин намудани нақбҳои «Дӯстӣ» ва «Истиқлол», инчунин плазаи толлингии «Майхӯра» истифода мегардад. Бақияи нерӯи барқ метавонад барои таъмини аҳолии мавзеи Панҷхок ва ҷамоати Зиддеҳ бо барқ истифода шавад», – зикр мегардад дар иттилои хадамоти матбуоти ширкат.

Гуфта мешавад, корҳои лоиҳакашӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳо анҷом ёфта, пудратчӣ корҳои сохтмониро оғоз ва айни замон дар мавзеи сохтмон бунёди иншооти нигоҳдории об барои интиқоли минбаъдаи он тавассути қубурҳо шурӯъ шудааст. «Ҳамчунин ба маҳали сохтмон миқдори муайяни қубурҳо низ интиқол дода шуда, корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд», – баён мегардад дар хабар.

Ёдрас мекунем, ки механизми толлингии идораи зербинои роҳи мошингарди Душанбе-Чанак 31-уми марти соли 2010 расман ҷорӣ шуд. Механизми мазкур таҳти идораи филиали ширкати бритониёии Innovative Road Solutions (IRS) дар Тоҷикистон қарор дорад. Айни замон дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанак 7 плазаи толлингӣ – «Варзоб», «Ҳушёрӣ», «Майхӯра», «Шаҳристон», «Истаравшан», «Деҳмой» ва «Чорух» фаъолият доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.