Комилов: Харидорони манзили арзиши 1 метри мураббаъаш 1,6 ҳазор $ кофианд

Дар ҷараёни нишасти хабарии имрӯза роҳбари Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҶТ Абдувалӣ Комилов изҳор намуд, ки имрӯз 1 метри мураббаъи манзил дар биноҳои навсохти пойтахт вобаста ба макони ҷойгиршавии бино ва коммуникатсияи муҳандисӣ аз 512 то 1,6 ҳазор доллари ИМА арзиш дорад. «Имрӯз гаронтарин манзил (1,6 ҳазор $ барои 1 метри мураббаъ) дар […]

Заррина Эргашева


Дар ҷараёни нишасти хабарии имрӯза роҳбари Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҶТ Абдувалӣ Комилов изҳор намуд, ки имрӯз 1 метри мураббаъи манзил дар биноҳои навсохти пойтахт вобаста ба макони ҷойгиршавии бино ва коммуникатсияи муҳандисӣ аз 512 то 1,6 ҳазор доллари ИМА арзиш дорад.

«Имрӯз гаронтарин манзил (1,6 ҳазор $ барои 1 метри мураббаъ) дар маҷмааи мавриди бунёд қарордоштаи «Диёри Душанбе» пешниҳод мешавад, – зикр кард ӯ. – Дар бозори дуюмдараҷаи манзил мо мониторинг намегузаронем, нархро бозор муайян карда, миёни харидору фурӯшанда он шартномавӣ аст».

Дар робита ба масъалаи дастрасӣ ба манзил дар бозори аввалия дар Тоҷикистон Комилов зикр кард, ки чун дар ҷумҳурӣ манзилҳои нархи 1 метри мураббаъашон баробар ба 1,6 ҳазор доллари ИМА бунёд мегарданд, пас талабот низ ба онҳо мавҷуд аст. «Ҳеҷ як манзил бесоҳибу холӣ намемонад ва ин маънои онро дорад, ки барои бархе ин нархҳо дастрасанд ва онҳо барои харидани чунин манзил имкон доранд», – иброз дошт вай.

Сифати корҳои сохтмонӣ дар иншоотеро, ки сохта мешаванд, роҳбари Агентӣ мусбат арзёбӣ намуда, дар ин робита зикр кард, ки фаъолияти ширкатҳои бинокорӣ таҳти назорати мақомоти танзимкунанда қарор дорад.

Ҳамчунин зикр гардид, ки ҳарчанд нақшаи нави генералии шаҳри Душанбе ҳанӯз тасдиқ нашуда бошад ҳам, тибқи маълумоти пешакӣ, аз ҳисоби ҳамроҳкунии қаламравҳои наздики ноҳияҳои Ваҳдату Рӯдакӣ ва Ҳисор қаламрави пойтахт се маротиба – аз 12,6 ҳазор гектар то ба 36 ҳазор гектар васеъ карда мешавад.

Ба гуфтаи Комилов, соли равон барои сохтмони беш аз 300 иншоот дар саросари кишвар зиёда аз 4 млрд сомонӣ маблағ равона мегардад, ки сохтмони нисфи иншооти мазкур аз ҷониби буҷети ҷумҳурӣ маблағгузорӣ мешавад. Дар давраи моҳҳои январ-июни соли равон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 2 млрд. 70 млн. 179 ҳазор сомонӣ маблағҳои сармоягузорӣ азхуд карда шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер