Беодобии футболбозони дастаи «Панҷшер» сабаби аз чемпионати кишвар берун шудани он гардид

Раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ Амрулло Холов зимни нишасти матбуотӣ имрӯз изҳор дошт, ки шахсан барои аз чемпионати кишвар берун кардани дастаи футболи ноҳия – «Панҷшер» дастур додаст. Ӯ қайд кард, ки мақсад аз таъсиси даста ва рушди варзиш солимгардонии ҷомеъа ва ҳавасмандгардонии ҷавонон ба варзиш аст, аммо, мутаассифона, баъзе аз бозигарони дастаи номбурда дар майдон […]

Сайраҳмон Назриев


Раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ Амрулло Холов зимни нишасти матбуотӣ имрӯз изҳор дошт, ки шахсан барои аз чемпионати кишвар берун кардани дастаи футболи ноҳия – «Панҷшер» дастур додаст.

Ӯ қайд кард, ки мақсад аз таъсиси даста ва рушди варзиш солимгардонии ҷомеъа ва ҳавасмандгардонии ҷавонон ба варзиш аст, аммо, мутаассифона, баъзе аз бозигарони дастаи номбурда дар майдон ба футбол машғул нашуда, ҷангу ҷидол мекунанд.

«Ман шахсан чанд маротиба бо ҳайати даста вохӯрдам ва онҳоро огоҳ сохтам, ки дар сурати беҳтар накардани ахлоқашон дастаро аз давом додани бозӣ дар чемпионати кишвар манъ мекунем. Мутаасифона ин насиҳату сӯҳбатҳои мо натиҷае надод», – гуфт раиси ноҳия.

Ба гуфтаи ӯ, чанде пеш як дастаи вилояти Суғд ба ноҳияи Ҷ.Румӣ омада буд ва дар рафти бозӣ рафори футболбозони «Панҷшер» раиси ноҳияро дар хиҷолат монд. Ин буд, ки Холов ба Федератсия футболи Тоҷикитон мактуб ирсол кард ва дастаро аз давом додани бозӣ дар Чемпионати кишвар озод сохт.

Раиси ноҳия ҳамчунин қайд кард, ки аз соли оянда даста аз ҳайати нави бозигарон иборат хоҳад буд ва имкон дорад, он дар чемпионати кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ ширкат варзад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.